Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқоти судманд бо кормандони мақомот

Мулоқоти судманд бо кормандони мақомот

Санаи 28-уми марти соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардид. Зимни баргузории ин мулоқот прокуророни калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 3 Дамдорзода Парвиз Анушервон ва мушовири адлияи дараҷаи 2 Абдулҳайзода Сайфулло Шомиддин ширкат варзиданд. Дар вохӯрии мазкур 340 нафар устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаро гирифта шуданд. 
Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Бобоҷон Сатторзода ифтитоҳ намуда, мақсаду мароми баргузории мулоқотро шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда иброз дошт, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он маҷмуи масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дарҷ гардид, ки мулоқоти имрӯза дар ҳошияи Паём доир шуда, ҳадаф аз он шарҳу тавзеҳи ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Сипас, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 3 Дамдорзода Парвиз Анушервон сухан карда, доир ба масъалаҳои рушди низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, илму маориф ва муҳтавои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ гардиданд, маълумоти бештар ба ширкаткунандагон дод. Дамдорзода Парвиз иброз дошт, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд низоми иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати рушд қарор дошта, иқтидори иқтисодии давлат ва шаҳрвандон ба таври назаррас инкишоф ёфта истодааст. Ӯ аз ташаккули имкониятҳои иҷтимоӣ ёдовар шуда, баён дошт, ки бештар аз 40 миллион сомонии буҷети давлатии соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши иҷтимоӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, низоми даромадҳои мардумӣ дар ҳолати инкишофи бомаврид қарор дошта, даромадҳои пулии мардум ба сатҳи бештар аз 112 миллиард сомонӣ дар соли 2023 баробар гардидааст. Дар самти паст намудани сатҳи камбизоатӣ бошад, тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда, сатҳи камбизоатӣ ба 21 фоиз оварда расонида шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар 7 соли оянда сатҳи камбизоатиро ба дараҷаи даҳ фоиз оварда расонад. 
Ҳамчунин, Дамдорзода Парвиз доир ба тезутундшавии муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ ибрози андеша карда, баён дошт, ки масъалаи муҳиме, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон масъулияти онро ба дӯш дорад, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ буда, муқовимат бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо аз масъалаҳои стратегии мо маҳсуб меёбад. Зеро фаъолшавии ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва вусъатёбии ҷиноятҳои хусусияти киберидошта ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш оварда, омили аз байн рафтани устувориву якпорчагӣ, амнияту осоиштагӣ ва истиқлолияти сиёсии давлатҳо гардида, бунбасти сиёсиву амниятиро дар як қатор давлатҳо ба вуҷуд овардааст. Дар чунин як ҳолати бисёр пурташвиш моро зарур аст, ки рӯҳияи миллии муборизабарии ҷомеаро бар зидди ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ ва киберӣ ташаккул дода, ҳифзи якпорчагӣ, амнияту осоиштагӣ, суботи миллӣ ва истиқлолияти давлатиамонро ҳамчун марому манфиати миллӣ дар мадди аввал ва аз рисолатҳои миллии шаҳрвандиамон шуморем. 
Дар интиҳои вохӯрӣ Бобоҷон Сатторзода минатдории раёсати донишгоҳ, махсусан ректори муассиса Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалимро ба унвонии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгириву ҳамкориҳои пайвастаашон дар самти татбиқи волоияти қонун баён карда, иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҳамкории пайваста бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеву маҳаллии он дар самти амалинамоии муқаррароти низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди сиёсати солими давлатӣ ҳавасманд мебошад. 


Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ