Хабарҳо
Ғолибияти ҳуқуқдони ДДМИТ дар озмуни ҷумҳуриявӣ
Бахшида ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар тамоми муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои илмию маърифатӣ доир мегарданд.
Рӯзи 30 марти соли 2024 дар доираи ин иқдом дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин ҳуқуқдон" баргузор гардид, ки дар он байни донишҷӯёни беш аз 28 муассисаи таҳсилоти олии кишвар сабқат шуд. Боиси ифтихор аст, ки Ғоибов Абдумалик, донишҷӯи курси 4 ихтисоси ҳуқуқи иқтисодии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ Ҳомидов Раҳматулло сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Дипломи дараҷаи 2, инчунин бо маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Мо Ғоибов Абдумалик - донишҷӯи муваффақ ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро бо ин дастоварди беҳтарин муборакбод намуда, пирӯзиҳои аз ин ҳам болотарро таманно дорем.