Хабарҳо
Баррасии масъалаҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ
Бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар донишгоҳ санаи 1 апрели соли равон конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Афзалиятҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти индустриалӣ-инноватсионӣ» бо иштироки меҳмонони хориҷӣ доир гардид.
Дар он ҳайати меҳмонон бо сарварии Мосейкин Юрий Никитович, д.и.и., профессор, мудири кафедраи иқтисодиёти миллии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба ва Атабек Исаев аз Донишгоҳи давлатии Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон иштирок карданд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илми донишгоҳ кушода, меҳмононро ба ДДМИТ хушомадед гуфта, ин сафарро барои тақвияти ҳамкориҳо қадами устувор номид.
Баъдан профессор Мосейкин Ю. баромад карда, ба иштирокчиёни конфронс барор хост ва мавзуи онро мубрам хонд. Мавсуф дар бораи фаъолияти Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба ва таҳияи барномаҳои муштарак бо донишгоҳҳои давлатҳои ИДМ дар самти омодакунии кадрҳои илмӣ муҳим арзёбӣ карда, онро барои пешрафти ҳар ду тараф созгор номид.
Дар идома Атабек Исаев дар бораи фаъолияти Донишгоҳи давлатии Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон маълумоти мухтарас дода, таъкид сохт, ки ин таълимгоҳ ҳам дорои факултети иқтисодӣ буда, барои ҳамкорӣ бо ДДМИТ омода аст ва барои ташкили чунин конфронси дорои аҳаммияти байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Пасон Нежникова Екатерина Владимировна, д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди миллии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба дар мавзуи «Стандарти ESG (Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ) ҳамчун асоси рушди устувори иқтисодӣ» ба забони англисӣ баромади пурмуҳтаво кард.
Мавсуф дар бораи аҳаммияти стандарти ESG истода гузашта, қайд кард, ки меъёрҳои он ҳамчун вокуниш ба ифлосшавии муҳити зист, гармшавии иқлим ва нобаробарии иқтисодӣ байни кишварҳои сарватманд ва камбизоат ба вуҷуд омадаанд, ки барои пайдоиш ва рушди абзорҳо ва меъёрҳои нави молиявӣ заминаи иловагӣ фароҳам овард. Профессор нишондиҳандаҳои татбиқи ин меъёрҳоро дар тамоми ҷаҳон нишон дода, мамлакатҳои Ғарбро дар ин самт пешсаф хонд.
Сипас Баҳодур Маҳкамов, н.и.и., ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзуи “Саноатикунонии босуръат дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” маъруза кард.
Гуфта шуд, ки барои аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати давлат ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ дар давлатҳои пешрафтаи олам далели воситаи асосии ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ будани он аст.
Мавсуф қайд кард, ки барои амалисозии саноатикунонии босуръат бояд сохтори технологӣ риоя карда шавад, зеро он чун занҷира ба ҳам пайвандӣ дорад ва рушди як соҳа аз дигарӣ вобастагии зич дорад. Дар шароити имрӯза вобаста ба талаботи бозор дар Ҷумҳурии Точикистон бештар бояд саноати сабук, металлургия ва саноати кимиёвӣ рушд дода шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар ташкили корхонаҳои саноатӣ сабукиҳои андозӣ муқаррар кардааст, масалан дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра, ки ин ҳама дар суръатгирии саноатикунонӣ нақши муҳим дорад. Мавсуф ин иқдомро дастгирӣ карда, илова кард, ки дар натиҷаи он беш аз 100 корхонаҳои муштарак ташкил карда шудаанд. Баромадкунанда ҳиссаи санотаро дар сохтори ММД якчанд мамлакат муқоиса карда, таъкид сохт, ки он дар Тоҷикистон 25,5%-ро (Федератсияи Россия – 32,4%, Ҷумҳурии Узбекистон – 33,7%) ташкил медиҳад ва барои бештар кардани он роҳҳои самармандро тавсия дод.
Сипас Егоричева Елена Александровна, н.и.и., дотсент, роҳбари барномаи магистрии «Бизнеси байналхалқӣ»-и Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия дар мавзуи «Лоиҳаи «Як камарбанд-як роҳ» ҳамчун самти нави сиёсати иқтисодии хориҷии Чин (дар шароити иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон)» баромад карда, дар бораи аҳаммияти ин лоиҳа барои Тоҷикистон ва умуман минтақа истода гузашт.
Мавсуф қайд кард, ки дар доираи ин лоиҳа дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи энергетикии CASA -1000, сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва роҳҳои дохилӣ дар назар дошта шудааст. Мавсуф қайд намуд, ки мақсади ин лоиҳа тағйир додани қувваҳои пешбарандаи рушди иқтисодӣ мебошад.
Дар музокира профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ Фақеров Ҳ. ва Маҳкамов Б. баромад карда, дар бораи мавзуъҳои баррасишуда андешаҳои илман асоснок пешниҳод намуданд.
Конфронс дар бахшҳои «Муаммоҳои рушди фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Таъмини инфрасохтори рушди иқтисоди миллӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди индустриалӣ-инноватсионӣ» корашро идома дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати меҳмонон бо ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек вохӯрда, созишномаи ҳамкорӣ бастанд ва аз лабораторияҳои иқтисоди рақамӣ ва фаъолияти гумрукӣ, шуъбаи мониторинг ва сифати таълим ва дигар дастовардҳои донишгоҳ дидан карда, таассуроти нек бардоштанд.
Машҳура Абдуллоева