Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар донишгоҳ

Дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар донишгоҳ

Тибқи нақшаи баргузории дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз санаи якуми апрели соли равон сар карда, дар факултетҳои технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, иқтисод ва бизнес ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки устодони собиқадору ботаҷриба ва намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои сиёсӣ баргузор гардиданд, ки дар он ба донишҷӯён тамоми паҳлуҳои мавзуи мавриди назар фаҳмонида шуд. 
Дар онҳо нотиқон қайд намуданд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани он усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон амал мекунад ва ҳар як нафар фаризаҳои динии хешро озодона иҷро менамояд. Дар баробари ин, бо дастури Роҳбари давлат китоби муътабари Қуръони карим ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шудаанд, ки барои тақвияти маърифати динии аҳолӣ мусоидат мекунанд. 
Ҳамчунин, дар баромадҳо ҷиҳати пешгирии хурофотпарастиву бегонапарастӣ, таассубкорӣ, хароҷоти барзиёд дар маросимҳои гуногун ва зиёдаравӣ дар ин самт маълумоти муфассал дода шуд. 
Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд. 
Шунавандагон аз ин ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ ғизои маънавӣ гирифта, баргузории мунтазами онро судманд арзёбӣ намуданд. Гузаронидани чунин дарсҳо дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома дорад. 


Тағоймурод Эшзода