Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози ҳамкориҳои судманд бо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия

Оғози ҳамкориҳои судманд бо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, ин омил метавонад дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва анҷоми корҳои илмиву таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузорад. Мусаллам аст, ки ДДМИТ дар самти дарёфти шарикони нави хориҷӣ фаъол буда, айни ҳол бо зиёда аз 120 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. 
Дар ин навбат, санаи 1-уми апрел ҳайати Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба бо роҳбарии Мосейкин Юрий Никитович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи иқтисодиёти миллии ҳамин муассиса ба ДДМИТ ташриф оварданд. Зимни суҳбат бо роҳбарияти донишгоҳ Ю.Н. Мосейкин қайд кард, ки ДДМИТ яке аз муассисаҳои таълимии пешсафи Тоҷикистон буда, дорои иқтидори бузурги илмӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ду муассиса ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Ректори ДДМИТ муҳтарам Абдуалимзода Ҳ.А. дар навбати худ қайд намуд, ки бастани шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба барои ДДМИТ хеле муҳим буда, заминаро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд фароҳам хоҳад овард. 
Дар фарҷоми вохӯрӣ дар вазъи тантанавӣ шартномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба ба имзо расонида шуд.