Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хурофот ҷаҳолат аст, аз он дур бояд буд

Хурофот ҷаҳолат аст, аз он дур бояд буд

Рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9-уми марти соли 2024 дар факултети ҳисобдорӣ ва омор дарси сиёсӣ доир гардид. 
Нахуст, декани факултет Ғиёсиддин Ғафуров дар бораи муҳтавои баромади Роҳбари давлат ва зарурати баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт изҳори назар намуд. 
Номбурда қайд кард, ки имрӯзҳо барои илмомӯзии ҷавонон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Онҳоро мебояд, ки ба ақидаву андешаи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дода нашуда, пайваста пайи омӯзиши илмҳои замон гарданд. Дар баробари ин, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. 
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Мастура Буриева он нуктаҳои баромади Пешвои миллатро, ки бештар ба ҳаёти ҷавонон ва таълиму тарбияи онҳо дахл дошт, зикр намуда, гуфт, ки хурофот сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри беасос мебошад. 
Ба андешаи мавсуф, ҷавонон бояд фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва интернетро донанд, зеро онҳо насли осебпазири ҷомеа буда, баъзан аз сабаби фарҳангу дониши паст доштанашон ба фитна ва доми гурӯҳҳои тундрав дода мешаванд. 
Тавре Роҳбари давлат таъкид намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1-уми Конститутсия, ки бо райъи кулли мардуми Тоҷикистон қабул гардидааст, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ эълон гардида, озодии виҷдон ва эътиқод дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо кафолатҳои конститутсионӣ таъмин шудааст». 
Дигар баромадкунандагон, аз ҷумла сардори раёсати тарбия Абдулло Давлатзода ва сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ Убайдулло Сабуров амалишавии талаботи қонунҳои мамлакат «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро шарҳ дода, инчунин ҷиҳати тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва муқовимат ба экстремизму терроризм пешниҳодҳои муфид намуданд. 
Бо ҳамовозӣ аз суханронии Роҳбари давлат гуфта шуд, ки хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад. 
Дар охир аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки худ мустақилона баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин тамошо ва матни онро мутолиа намоянд ва аз таъриху фарҳанги тамаддунсози миллати тоҷик бештар огоҳ бошанд.

 
Н. Ҷобиров