Хабарҳо
Вохӯрии судманд бо коршиноси дин
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, санаи 3-юми апрели соли равон дарси сиёсӣ-тарбиявӣ бо даъвати коршиноси соҳа, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Баҳодур Ҷурахонзода ҳусни оғоз бахшид, ки фарогири мавзуъҳои таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа буда, дар зимн масъалаи матраҳшаванда барои пешрафти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Сипас А. Норасов суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ширкаткунандагони ҳамоишро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҷалб намуд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки барои ҷоннок намудани мубориза бар зидди исрофкорӣ ва тарғиби фарҳанги сарфаҷӯйӣ мебояд маърифати маънавии мардумро баланд бардошт, то ин ки сарфаҷӯйиро шиори худ қарор диҳанд ва аз паёмадҳои ногувори он эмин бимонанд.
Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст.
Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад.
Дар охир Мастура Буриева, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ назари худро перомуни мавзуъҳои фавқуззикр баён намуда, зимнан ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, меҳанпарастию ҳифзи муқаддасоти миллиро аз ҷумлаи омилҳои асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маънидод кард. Ӯ иброз дошт, ки дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.
Дар анҷом, ширкаткунандагон тасмим гирифтанд, ки минбаъд дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ба таври ҳамешагӣ баргузор мегардад ва дар он олимону донишмандон низ даъват хоҳанд шуд.
Тағоймурод Эшзода