Хабарҳо
Баргузории мизи мудаввари донишгоҳӣ
Санаи 5-уми апрели соли равон дар кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи «Афзалиятҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок дар доираи идоракунии молияи давлатӣ» баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳа, директори ширкати брокерии ҶСП “Прайм инвест” Қадриддин Негматов ва директори ҶСП “Маҳфуздорандаи марказӣ” Манучеҳр Шарифов иштирок ва суханронӣ карданд.
Мизи мудавварро мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ, профессор А. Мирсаидов ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам ва ба ҳозирин шинос намуд. Вобаста ба мубрамияти мавзуи матраҳшаванда андешаҳояшро ба таври возеҳу ҷолиб баён дошта, афзуд, ки яке аз роҳҳои асосии ҷалби сармояи дохилию хориҷи паҳн ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатию корпоративӣ ба ҳисоб меравад. Коғазҳои қиматнок ҳамчун сегменти асосии бозори молиявӣ ба коҳишёбии сатҳи хавфҳои бонкӣ таъсиргузор мебошанд.
Сипас директори ширкати брокерии ҶСП “Прайм инвест” Қ. Негматов сухан карда, дар бораи мақсади барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ маълумот дод. Дар робита ба ин директори ҶСП “Маҳфуздорандаи марказӣ” М. Шарифов ҷиҳати ҷамъоварии пулҳои муваққатан озоди корхонаҳо, бонкҳо ва аҳолӣ барои пӯшонидани касри буҷет ва молиякунонии барномаҳои давлатии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ибрози андеша намуда, афзуд, ки боз як фарқияти коғазҳои қиматноки давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар андозбандии даромади онҳо мебошад. Зеро даромади коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бисёр мавридҳо андозбандӣ намешаванд. Ин хусусияти коғазҳои қиматноки давлатӣ онҳоро дар назди сармоядорон ҷолиби диққат мекунад. Даромади коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ бошанд, андозбандӣ карда мешаванд.
Бино ба иттилои сардори раёсати илм ва инноватсия О. Фарайдунов, нотиқон вобаста ба аҳаммияти маҳфуздорандаи марказӣ дар рушди бозори коғазҳои қиматнок маълумоти ҷолиб пешкаши ширкаткунандагон намуданд, ки онҳо аз нозукиҳои ин самти фаъолият ба хубӣ огаҳӣ пайдо карданд.
Дар анҷоми мизи мудаввар байни устодону донишҷӯён музокира ва саволу ҷавоб доир ба мавзуи баррасишуда баргузор гардид.
Ф. Раҳимзода, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия