Хабарҳо
Вохӯриҳо баҳри тақвияти худшиносии миллӣ
Санаи 6-уми апрели соли равон мулоқоти намояндагони суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҳайати устодону донишҷӯёни факултети молия ва қарзи ДДМИТ доир гардид. Дар он вобаста ба ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо дар доираи қонунҳои миллии «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин ҷиноятҳои муташаккилона, ба монанди экстремизм, терроризм, ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон суҳбатҳо бо иштироки Хуршед Исозода, муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Аҳлиддин Замуддинов, сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи Сино ва Обидҷон Кенҷазода, мушовири раиси суди ноҳияи Сино баргузор гардид.
Сардори раёсати корҳои тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода вохӯриро кушода, гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чун шахсони ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибмаърифат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҷодаи ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва пойдории сулҳу амонӣ дар кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фаъолияти мақомоти қудратӣ ҳамон вақт осон мегардад ва самар медиҳад, ки шаҳрвандон қонунҳоро риоя намуда, ба ҳуқуқвайронкунӣ ва беинтизомии атрофиён бетараф набошанд.
Исозода Хуршед дар баромади худ дар бораи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ, истифодаи шабакаҳои интернетӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, санадҳои эъломияи ҳуқуқи башар, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Бинобар ин, вазифаи падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ин аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.
- Мо ба ин назар ҳастем, ки мавҷудияти таълимоти ғайрирасмии динӣ ва рӯ овардани ҷомеа ба фарҳанги бегона омили рушди амалҳои хусусияти ифротгароӣ гардида, заминаҳои ҷиддиеро барои ташаккули терроризм ва экстремизм муҳайё менамояд. Аммо дар шароите, ки ҳифзи суботу осоиштагии кишвар барои мо ба унвони беҳтарин масъалаҳои давлатдории миллиамон маҳсуб меёбад, уҳдадории ҳар як фарди ҷомеа ва ҳама сохторҳои пешбарандаи ҷомеа дар он аст, ки бо зуҳуроти номақбул, ба монанди таълимоти ғайрирасмии динӣ ва терроризму экстремизм муборизаҳои ҷиддиву фаъол барем. Аз сӯи дигар, тарбияи ҷомеаро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ба унсури меҳварии ҳаёти худ табдил диҳем. Зеро ба ҳамин восита мо метавонем дар роҳи муқовимат бо экстремизму терроризм муваффақ бошем, гуфт дар охири суханаш муовини раиси суди ноҳияи Сино.
Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти қудратӣ барои тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тақвияти худшиносии миллии донишҷӯён, риояи расму оинҳо мусоидат менамояд.
Тағоймурод Эшзода