Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

50 донишҷӯи ДДМИТ ихтиёрӣ ба хизмати Ватан мераванд

50 донишҷӯи ДДМИТ ихтиёрӣ ба хизмати Ватан мераванд

Санаи 8-уми апрели соли равон дар толори таълимии донишгоҳ вохӯрии ректор Ҳакимбек Абдуалимзода бо деканҳо ва донишҷӯёни шаш факултети ДДМИТ баргузор гардид, ки дар он Беҳрӯз Искандарзода, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва комиссари ҳарбии ноҳияи Сино, полковник Лутфулло Ғолибзода иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Нахуст ректори донишгоҳ Ҳ. Абдуалимзода дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сухан ронда, дар бораи ҷавонмардӣ, вафодорӣ ва номбардори нангу номуси ин марзу бум будани эшон изҳори ақида карда, аз донишҷӯён хостори саҳм гузоштан дар таъмини осудагию оромии халқу Ватан шуд. Дар идома қайд кард, ки артиш мактаби воқеии зиндагӣ, мардонагӣ ва ҷасорат аст. Вазифаи артиш, пеш аз ҳама, муҳофизати ҳудуди давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ мебошад. Рисолати муқаддаси Артиши миллӣ ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. 
Меҳмонон дар суханронии худ дар бораи мақоми донишҷӯёне, ки ихтиёран мехоҳанд дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намоянд, дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ сухан ронда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ҳар донишҷӯе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меравад, дар дилхоҳ қисми ҳарбие, ки ба маҳалли зисташ наздик аст, метавонад хизмат намояд ва баъди адои хизмат бе озмун бо ба даст овардани се хол дар дилхоҳ мақомоти давлатӣ кору фаъолият намояд. Аз ин бармеояд, ки донишҷӯён - ҷавонони моро зарур аст садоқати худро на ба сухан, балки дар амал исбот намоянд. 
Дар ҳузури ректор ва меҳмонон аз факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор 9 нафар, аз факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ 9 нафар, аз факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ 9 нафар, аз факултети иқтисод ва бизнес 7 нафар, аз факултети молия ва қарз 9 нафар ва аз факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт 7 нафар донишҷӯ, ҷамъ 50 нафар ихтиёран изҳор доштанд, ки тайёранд ба хизмати Ватан-Модар рафта, дар қисмҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо сари баланд хизмат намоянд. Бинобар ин, дар ҳузури ҳамаи ширкаткунандагони вохӯрӣ дарҷ гардид, ки ин донишҷӯён метавонанд пешакӣ имтиҳонҳоро супорида, барои хизмат бо ариза ба Комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисташон муроҷиат намоянд. 


Тағоймурод Эшзода