Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории даври донишгоҳии олимпиадаи байналмилалии “Бехатарии молиявӣ”

Баргузории даври донишгоҳии олимпиадаи байналмилалии “Бехатарии молиявӣ”

Бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузории олимпиадаи байналмилалии “Бехатарии молиявӣ” аз санаи 30.09.2024 то 04.10.2024 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ба нақша гирифта шудааст. 
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, дарёфти ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо, фаъолияти таълимӣ-омӯзишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи бехатарии молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, рушди шахсият, мусоидат дар рушди касбияти донишҷӯён гузаронида мешавад. 
Даври донишгоҳии олимпиадаи байналмилалии “Бехатарии молиявӣ” санаи 12 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 22 нафар донишҷӯ аз рӯи самтҳои зерин иштирок намуданд: 
- иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ; 
- ҳуқуқшиносӣ; - бехатарии иттилоотӣ; 
- муносибатҳои байналхалқӣ. 
Аз 22 нафар иштирокчии олимпиадаи мазкур, 8 нафар донишҷӯ холҳои баландро ба даст оварда, ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд: 
1. Раҳмонов Лоиқ Шералиевич, донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз; 
2. Исмоилова Томирис Ҳикматуллоевна, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз; 
3. Мазбудҷонзода Меҳрубон, донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз; 
4. Ергашов Азиз, донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз; 
5. Ёқубшоев Абдураҳмон Толибшоевич, донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисод ва бизнес; 
6. Баротов Муродҷон Абдусамиевич, донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисод ва бизнес; 
7. Ҳошимов Муҳаммад Нусратович, донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисод ва бизнес; 
8. Абдуллоева Зарина, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ. 
Ғолибони даври донишгоҳии олимпиада барои иштирок дар даври хотимавии олимпиадаи байналмилалии “Бехатарии молиявӣ”, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия гузаронида мешавад, роҳхат мегиранд. 
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола донишҷӯёни ДДМИТ дар олимпиадаи мазкур фаъолона ширкат варзида, дар номинатсияҳои гуногун ғолибиятро ба даст меоранд.