Хабарҳо
Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ - боиси солимии ҷомеа
Дар ДДМИТ дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» вохӯрии судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдулҳамиди Искандарзод ва Ғулом Бегиҷон Зарифӣ бо устодону донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт доир гардид.
Нахуст, сардори раёсати тарбия Абдулло Давлатзода иброз дошт, ки дар Паёми охирини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, чунки дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Ҳадаф аз ташкили мулоқот бо намояндагони ҳокимияти судӣ низ таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташаккули маърифати шаҳрвандию ҳуқуқӣ мебошад.
Сипас, судяи Суди ноҳияи Сино Абдулҳамиди Искандарзод андешаҳои хешро дар мавриди Истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баён дошт.
Ҳамзамон, ӯ дар бораи иҷрои талаботи қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳояшро баён намуд.
Судя Ғулом Бегиҷон Зарифӣ бошад, дар навбати худ, дар бораи маърифати оиладорӣ, бекоркунии ақди никоҳ ва рӯёнидани алимент маълумот дод.
Номбурда, аз ҷумла қайд кард, ки оилаи дар асоси меҳру муҳаббати тарафайн ташкилшуда оилаи солим ба ҳисоб меравад. Ҳангоме ки ду ҷавон дар асоси ишқу муҳаббат оила бунёд мекунанд, мақсаду мароми онҳо як аст, яъне садоқату вафодорӣ ба ҳамдигар ва тарбияи фарзандони солиму хушбахт.
Тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кумаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд».
Дар охир, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил дар он андешаҳои ҷолиб ироа гардид.
Наврӯз Ҷобиров