Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Сайри гули лола» - бозгӯи ободӣ

«Сайри гули лола» - бозгӯи ободӣ

Ҷои шукргузорист, ки баъд аз расидан ба Истиқлоли миллӣ маросиму суннатҳои халқии мо дубора эҳё мешаванд ва бо симою падидаҳои тоза арзи вуҷуд мекунанд, ки аз амну осоиш ва рӯзгори ободи мардуми мо дарак медиҳанд. Яке аз чунин чорабиниҳо ин Фестивали «Сайри гули лола» аст, ки бо ҷилои нав эҳё гардид ва чанд сол аст, ки дар тамоми манотиқи кишвар баргузор мегардад. 
Санаи 13 апрели соли равон низ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фестивали «Сайри гули лола» бо шукуҳи хоса доир гардид. Дар он устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Донишҷӯёни шаш факултет дар мавзеъҳои зебою гулзори донишгоҳ шеъру сурудхонӣ мекарданд. Донишгоҳ ба базмгоҳи миллии гулҳо табдил ёфта буд. Донишҷӯдухтарон бо шукргузорӣ аз истиқлолу диёри ободу зебо бо либосҳои миллӣ дар васфи гулу баҳори Тоҷикистон суруд мехонданд, ки басо ҷолиб буд. 
Ҳадаф аз баргузории ин фестивал, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ, ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи диёр буда, ба эҳёи суннатҳои ниёгон, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд.