Хабарҳо
Ду нафар донишҷӯи мо ба Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ роҳхат гирифтанд
Санаи 15 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври дуюми донишгоҳии Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ баргузор гардид, ки дар он 8 нафар ғолиби даври якум иштирок намуданд.
Олимпиада аз рӯи самтҳои зерин баргузор гардид:
- Иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ;
- Ҳуқуқшиносӣ; - Бехатарии иттилоотӣ;
- Муносибатҳои байналхалқӣ.
Дониши довталабонро коршиносон аз Бонки миллии Тоҷикистон ва омӯзгорони ботаҷрибаи ДДМИТ санҷиданд.
Боиси ифтихор аст, ки 2 нафар донишҷӯи мо ба даври ниҳоии олимпиада, ки дар ш. Сочии Федератсияи Россия баргузор мешавад, сафарбар мегарданд. Инҳо донишҷӯёни курси 3-юми факултети молия ва қарз Раҳмонов Лоиқ ва Ергашов Азиз буда, аз рӯи равияи иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дастгирии бевоситаи Президенти Федератсияи Россия баргузор мегардад. Гузаронидани даври ниҳоии он дар соли ҷорӣ аз 30.09.2024 то 04.10.2024 дар шаҳри Сочи ба нақша гирифта шудааст.