Хабарҳо
Дастоварди варзишгарони мо
Дар замони имрӯза тарзи ҳаёти солим ва бо варзиш машғул шудан масъалаи мубрам ва барои саломатии инсон манфиатовар арзёбӣ мегардад. Дар ҳақиқат, машғул шудан ба варзиш инсонро саломат нигоҳ медорад ва барои расидан ба ҳадафҳо кумак мекунад. Дар ДДМИТ низ барои ба варзиш машғул шудан тамоми шароитҳо мавҷуданд, аз ҷумла варзишгоҳ ва толорҳои варзишӣ, ки дар онҳо донишҷӯён машқ мекунанд.
Дар донишгоҳ донишҷӯёни варзишгар низ зиёданд ва бо дастовардҳои худ номи донишгоҳро боло мебаранд, ки дар он саҳми омӯзгорони кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ низ кам нест. Бино ба иттилои мудири кафедраи мазкур С. Шокиров, тайи моҳҳои охир як идда аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун, бахусус дар мусобиқаҳои байнидонишгоҳӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо ғолибияти худ номи донишгоҳ ва Парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоштаанд. Инҳо Муқтадири Бобоҷон, донишҷӯи факултети иқтисод ва бизнес дар намуди гӯштини ҷудо дар чемпионати Ҷоми Осиё дар шаҳри Тошкент, ки санаи 09 апрел доир гардид, дар вазни 66 кг ҷойи дуюмро ишғол кард.
Фирдавси Баҳодур, донишҷӯи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар намуди самбо байни ҷавонон дар чемпионати шаҳри Душанбе дар вазни 79 кг ҷойи якум; Исломиддин Абдуллозода, донишҷӯи факултети ҳисобдорӣ ва омор дар намуди вазнбардорӣ, дар мусобиқаи байни ноҳиявӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷойи дуюм ва дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе санаи 14.02.24 дар вазни 67 кг ҷойи якумро гирифт. Эмомов Рабонӣ, донишҷӯи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар намуди гӯштини самбо байни ҷавонон дар чемпионати кушоди шаҳри Душанбе санаи 13.04.24 дар вазни 79 кг ҷойи дуюм ва Мизроб Валиев, донишҷӯи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ҳамин мусобиқа дар вазни 85 кг ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ гардидаанд.
Мо ин варзишгарон ва мураббиёни онҳоро бо пирӯзиашон табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиашон муваффақияту музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем.