Хабарҳо
Ташкили вохӯрӣ бо волидони донишҷӯён
Санаи 16-уми апрел бо ибтикори садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", вазъи давомот ва азхудкунии дарсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози вохӯрӣ декани факултет Темурбекова С.Д. меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, сипас дар бораи вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ кард. Дар давоми суханронии худ декани факултет вазъи давомот ва хониши донишҷӯёнро ба волидайн шарҳ дод.
Баъдан сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Давлатзода Абдулло баромад карда, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» якчанд нуқтаи муҳимро ёдрас шуд.
Дар идома роҳбарони гурӯҳҳои академӣ суханронӣ намуда, ширкаткунандагонро бо рафти давомоти донишҷӯён ба дарсҳо ва шароити дарсазхудкунии онҳо ошно намуданд. Пас аз вохӯрӣ падару модарони донишҷӯён аз вазъи таълиму тарбия ва лабораторияҳои факултет ва китобхонаи донишгоҳ дидан карда, изҳори қаноатмандӣ карданд.