Хабарҳо
Дарси амалӣ дар истеҳсолот
Бо мақсади пурзӯр намудани татбиқи донишҳои назариявӣ дар бахшҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, ки асоси он ҳамбастагии илм бо истеҳсолот мебошад, бояд барои донишҷӯён шароитҳое фароҳам оварда шаванд, ки баргузории дарсҳои амалии онҳо мунтазам дар ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шавад. Дар чунин ҳолат донишҷӯён мутахассиси касбӣ шуда, барои пешрафти мамлакат ва болоравии некуаҳволии халқ саҳм гузошта метавонанд.
Дар ДДМИТ низ омӯзгорони ботаҷриба дарсҳои амалиро дар корхонаву ташкилотҳо гузаронида истодаанд. Санаи 13-уми апрели соли 2024 дарси амалии донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 1-40010202 – технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт аз фанни менеҷменти инноватсионӣ бо роҳбарии н.и.и., дотсент Назарамонова Д.М. дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе”, ки баъд аз таҷдиду навсозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир 31-уми октябри соли 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, баргузор гардид.
Донишҷӯён дар корхонаи мазкур, донишҳои назариявиро вобаста ба мавзуъҳои алоҳидаи фанни таълимӣ дар амал дида баромаданд.
Чунин иқдом дар оянда низ аз ҷониби устодони дигари факултет ва донишгоҳ барои гузаронидани дарсҳои амалии фанҳои алоҳида дар ташкилоту корхонаҳои ватанӣ дар назар дошта шудааст, зеро барои мутахассисони соҳаи иқтисоду молия шиносоӣ бо истеҳсолот муҳим арзёбӣ мегардад.