Хабарҳо
Нақши Пешвои Миллат дар истифодаи самаранокии захираҳои обию энергетикӣ
Таҳти ин унвон санаи 19-уми апрели соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фаъолияти биржавӣ мизи мудаввари донишгоҳӣ баргузор гардид. Дар доираи мавзуи мазкур декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ д.и.и., профессор Ҳ. Исайнов ва мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ д.и.и., профессор С. Мирсаидов маъруза намуданд.
Номбурдагон дар баромади худ қайд карданд, ки солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, камобию хушксолӣ, инчунин болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида истодааст. Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи самтҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон таъмин намоем.
Тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамлакати мо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ идома дошта, илова бар ин, шиддат гирифтани низоъҳо дар манотиқи гуногуни дунё низоми муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии моро таҳти таъсир қарор дода истодааст. Вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, бештар фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ тамоми захираву имкониятро истифода барем.
Дар музокира гуфта шуд, ки неругоҳҳои дар ҳудуди кишвар вуҷуддошта ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард. Ҳукумати мамлакат, бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти фаровонии гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт-соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
Дар анҷоми семинар байни нотиқону ширкаткунандагон саволу ҷавоб доир гардид, ки аз он ҳозирин таассуроти қонеъкунанда бардоштанд.
Тағоймурод Эшзода