Хабарҳо
Се ҷоизаи шаҳрдории Душанбе ба ДДМИТ омад
Рӯзи 20-уми апрели соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Аҳорун” зимни як чорабинии фарҳангӣ, ки ба муносибати Рӯзи пойтахти Чумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, ғолибони озмуни шаҳрӣ - барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе муаррифӣ гардиданд.
Ҳамин тавр, зимни муаррифии барандагони ин озмун муайян гардид, ки се ҷоиза насиби олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гардидааст. Ғолибон - Халифазода Ҷовидон Бобохон, номзади илмҳои иқтисодӣ, ассистенти кафедраи андоз ва суғурта барандаи Стипендияи раиси шаҳри Душанбе дар соли хониши 2023-2024 миёни олимону муҳаққиқони ҷавон; Қурбонализода Давлаталӣ Таваралӣ, ассистенти кафедраи молия, барандаи ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе аз руйи номинатсияи техникаву технология дар соли 2024 ва Нематова Дилрабо Алишеровна, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси молияи факултети молия ва қарз барандаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе дар соли хониши 2023-2024 миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе мебошанд.
Ғолибон бо шаҳодатнома ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд.