Хабарҳо
Ҳафтаи илм оғоз гардид
Рӯзи 22 апрели соли равон дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» доир гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ Қодиров Ф.А., муовини ректор оид ба илм кушода, иброз дошт, ки ҳамасола дар доираи Ҳафтаи илм баргузории конференсияи илмӣ дар донишгоҳ ба анъана даромадааст ва баромад дар ин конфронсҳо ба донишҷӯён ва магистрантон барои қадам ниҳодан ба пайраҳаи илм роҳ мекушояд.
Мавсуф қайд намуд, ки баргузории конфронси мазкур, ки натиҷаи пажӯҳишҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ мебошад, масъалаҳои ташаккули «иқтисоди сабз», рушди низоми иқтисодию молиявӣ ва самтҳои алоҳидаи он дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавиро мавриди баҳсу таҳлил қарор медиҳад.
Дар қисмати ифтитоҳии конфронс баромади Убайдуллоев Ф.К., мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ дар мавзуи «Консепсияи адолат дар таълимоти Пешвои миллат» шунида шуд. Баромадкунанда сараввал мафҳуми «адолат»-ро шарҳ дода, татбиқи принсипи адолатро дар зиндагӣ, фаъолият ва давлатдории се абармарди замони худ ва нобиғагони халқи тоҷик – Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои илмӣ асоснок намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки дар таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон консепсияи адолат ҷойгоҳи махсус дорад ва ҷонибдори ҷомеаи адолатпарвар будани мо дар Конститутсия низ дарҷ гардидааст. Риояи принсипи адолатпарварӣ асоси ҳамзистии осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.
Баромадкунанда дар чанд самт риоя гардидани принсипи адолатро дар давраи роҳбарии Пешвои миллат, ба монанди 15 маротиба эълон намудани авф, дар тақсимоти об дар минтақа, дар мақомоти судӣ ва монанди инҳоро номбар намуд, ки ҳамаи он барои таҳқиқи илмӣ заминагузоранд.
Дар идома мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Улуғов О.П. дар мавзуи «Иқтисодиёти «сабз» омили беҳсозии ҳифзи муҳити зист» баромад кард. Ӯ дар бораи мафҳуми «иқтисодиёти сабз» маълумот дода, афзуд, ки он марҳилаи нави рушд буда, мақсади он истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба технологияҳои тоза ва «сабз» асос ёфтааст. Дар кишвари мо Стратегияи рушди «иқтисодиёти сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардидааст, ки барои таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат мекунад.
Аз ҳисоби муҳаққиқони ҷавон магистранти курси 1 ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Ҳумайнӣ Носиров дар мавзуи «Баъзе проблемаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷаҳон» баромад кард ва мақсади эълон гардидани соли 2024-ро ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ӯ дар таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани мақоми қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ ва тарғиби арзишҳои демократӣ маънидод кард. Носиров Ҳ. қайд намуд, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дар ин замина ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, таҳкими принсипи волоияти қонун аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Доштани маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як шахси оқил ва солим новобаста ба касбу кораш муҳим аст, гуфт дар охир баромадкунанда.
Ёдовар мешавем, ки конфронс то рӯзи 27 апрел дар бахшҳо дар заминаи ҳар як кафедраи амалкунанда идома меёбад ва аз рӯйи маърузаҳо пешниҳодҳои илман асоснок ба мақомоти дахлдор карда мешавад.
Абдуллоева Машҳура