Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштироки ДДМИТ дар Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан”

Иштироки ДДМИТ дар Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан”

19-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Аҳорун” даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид. 
Дар Фестивали мазкур Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша ва муовини Сарвазири мамлакат Мансурӣ Дилрабо бори дигар ҳузури меҳмонони олиқадрро хуш омадед гуфта, бо хушнудӣ ва изҳори қаноатмандӣ аз иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр намуданд, ки дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби ин созмони бонуфуз ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки аз фарҳангу тамаддуни пурғановат доштани миллати соҳибхиради тоҷик далолат медиҳад. 
Баргузории фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ дар матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифӣ намудани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст. 
Мақсади асосии баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. 
Дар фарҷоми Фестивал ҳунармандону тарроҳон, коргардонҳою иштирокчиёни фаъол ва дустрӯякон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. 
Дар ин замина, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзандаи бонувону духтарон ҷиҳати баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.