Хабарҳо
«Шоҳнома» ва худшиносии миллӣ
Санаи 20-уми апрели соли 2024 дар доираи ташаббусҳои раёсати корҳои тарбиявӣ ва кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи адабӣ-бадеӣ зери унвони «Шоҳнома» ва худшиносии миллӣ» доир карда шуд. Дар он доираи зиёди устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаро гирифта шуданд. Зимни баргузории чорабинӣ Беҳрӯзи Забеҳулло, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти АМИТ ва Ҷамолиддин Саидзода, номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони ҳамин Институт ширкат намуда, дар мавзуъҳои «Шоҳнома дар пажуҳиши устод Айнӣ» ва «Фирдавсӣ ва Мавлоно: ду сутуни андешасозу ҳувиятгарои миллӣ» баромад намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Мастура Буриева, муовини ректор оид ба тарбия ифтитоҳ ёфт. Мавсуф зимни суханронии худ иброз дошт, ки калиди ватандӯстӣ барои Фирдавсӣ аз шинохти некӣ ва таъмини ғалабаи он бар бадӣ сарчашма мегирад. Дар дидгоҳи ватандӯстии Фирдавсӣ дар баробари некию некукирдорӣ ҳамчун манбаи нахусти идораи инсонӣ нақши муҳимро илму дониш мебозад.
Сипас Нигина Сироҷова, устоди кафедраи забони тоҷикӣ, ки пешбарандаи чорабинии мазкур буд, сухан ронда, иброз дошт, ки миёни тамоми эҳсосоте, ки инсониятро дар ин ё он самт раҳнамоӣ мекунад, волотаринаш эҳсоси ватандориву меҳандӯстист, ки дар ин шоҳасар бисёр ва ба маврид истифода шудааст, зеро мавзуи меҳварии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро ватанхоҳӣ ва ватанпарастӣ ташкил медиҳад.
Баъдан меҳмони чорабинӣ Беҳрӯзи Забеҳулло аз минбари сухан иброз дошт, ки ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳимояи шарафу номуси инсонӣ яке аз паҳлуҳои ватандӯстӣ аст, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ баръало ба назар мерасад. Дар «Шоҳнома» муаррифии симои паҳлавонӣ, шаъну эътибори ҷавонмардӣ ва ҳисси худшиносии мардумони ориётабор равшан нишон дода шудааст. Паҳлавониҳое, ки дар «Шоҳнома» оварда шудааст, на ҳамчун нишонаи зӯроварӣ ва лашкаркашӣ, ё ғасбу куштори кишвару мамлакатҳо ва мардуми он, балки ифодагари фарҳанги ватандорию ватанпарварӣ, ҳимоят аз марзу буми хеш, ҷасурию далерӣ, танумандию солимӣ, мардонагию сарфарозӣ ва дигар сифатҳои неку ҳамида баён гардидааст.
Ҷамолиддин Саидзода зимни баромади худ иброз дошт, ки ватандӯстӣ мисли донаест, ки ба хотири бақои давлатдории милливу миллатҳо инкишоф меёбад. Воқеан, ба хотири он ки як нафар дар домони иҷтимоии хеш ба маъниву моҳияти мафҳумҳои зиндагисоз пай барад, ва ба умқи он бирасад, бояд марҳилаи зиёдеро тай кунад. Шахсе, ки хоҳиши ба марзи худшиносӣ расиданро дорад, лозим аст дар заминаҳои мухталиф мисли таъриху фарҳанг ва адаби ниёгон мутолиоти фаровон дошта бошад. Дар ин росто, нақши адабиёти бадеӣ, осори адибони пешину нависандагони муосир бисёр судманд аст. Мавзуи худшиносию худогоҳии миллӣ дар тамоми қисматҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мушоҳида мегардад. Зеро, донистани таъриху фарҳанги миллат, эҳтирому арҷгузорӣ ба суннатҳои миллии аҷдодон низ яке аз нишонаҳои худшиносии миллӣ мебошад, ки мавзуи марказии «Шоҳнома»-ро ташкил намудааст. Дар «Шоҳнома» агарчи сухан аз замони бостон меравад, онро ҳадиси куҳан ё фасонаи куҳан наметавон гуфт. Зеро дар ҷаҳон чизҳое ҳастанд, ки куҳна намешаванд, панду ҳикмат, андарз ва ибрате, ки аз пешиниён ба пасояндагон мерасанд, ҳамеша наванд. Ҳар чи дар он рӯзгорон аз ниёгон ба мо мерос мондааст, хоҳ нек ва хоҳ бад, хоҳ савоб ва хоҳ хато, ҳама пандомӯз аст.
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мавзуъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накукорӣ, ростиву ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба онро дар бар мегирад ва дар шароити имрӯза дорои аҳаммияти бузург аст, ки хонандаро ба ҳисси баланди ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳидоят менамояд, иброз дошт Ҷ. Саидзода.
Дар интиҳои чорабинии мазкур аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ бахшҳои мухталифи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ қироат гардида, як фазои зебои шоҳномахонӣ роҳандозӣ карда шуд.
Ҷовидон Халифазода, ассистенти кафедраи андоз ва суғурта