Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шоҳмотбозӣ ақлро солим нигоҳ медорад

Шоҳмотбозӣ ақлро солим нигоҳ медорад

Шоҳмотбозӣ варзиши зеҳн буда, на ҳар кас аз уҳдаи иҷрои он баромада метавонад. Машғул шудан ба ин намуди варзиш ҷаҳонбинии шахсро васеъ, ақлу ҷисми инсонро солим нигоҳ дошта, барои расидан ба ҳадафҳояш кумак мерасонад. 
Дар донишгоҳи мо низ шоҳмотбозон аз ҷумлаи донишҷӯён ва омӯзгорон хеле зиёданд. Яке аз онҳо Муҳиба Худойқулова донишҷӯи курси аввали ихтисоси таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисод мебошад. Ӯ зодаи деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав буда, ба бозии шоҳмот завқу ҳаваси беҳад дорад. Муҳиба чандин маротиба дар мусобиқаҳои шоҳмот дар сатҳи ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки чанде пеш ӯ дар мусобиқа шаҳрии бозии шоҳмот, ки дар литсейи “Роҳнамо”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. 
- Ман нозукиҳои касби шоҳмотбозиро аз устодонам Ҳикматулло Негматов, Ҳамроқул Алиев ва хатмкунандаи ин донишгоҳ Амина Негматова омӯхтаам. Ҳанӯз аз айёми дар мактаби миёна таҳсил карданам дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ширкат намуда, бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардидиам. Феълан, ки донишҷӯи ДДМИТ ҳастам, мехоҳам дар баробари таҳсил, дар мусобиқаҳо иштирок намуда, бо ғолибияти худ номи донишгоҳ ва Парчами давлатии Тоҷикистони азизамро баланд бардорам, - мегӯяд қаҳрамони матлаби мо. 
Мо ин донишҷӯдухтари шоҳмотбозро бо пирӯзиҳояш табрику муборакбод намуда, дар хониш ва фаъолияти минбаъдааш музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем. 


Тағоймурод Эшзода