Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти донишҷӯёну магистранти ДДМИТ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Ғолибияти донишҷӯёну магистранти ДДМИТ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Санаи 24-уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар "Кохи Суруш"-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" ва "Магистранти сол" баргузор гардид. 
Ёдовар мешавем, ки даври аввали озмуни "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" санаи 15-уми феврали соли 2024 бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён баргузор гардида, ғолибон ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд. 
Озмуни "Магистранти сол" санаи 22-юми феврали соли 2024 дар донишгоҳ миёни магистрантон баргузор гардида буд. Даври дуюми озмунҳои мазкур дар Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. 
Боиси хушнудист, ки дар даври дуюм як қатор намояндагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. 
Дар озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" Умедҷон Азизов, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси менеҷменти байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои физика-математика, дотсент, сардори Раёсати илм ва инноватсия Осим Фарайдунов сазовори ҷойи аввал ва Файзиддин Ҷабборзода, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети мазкур Умар Воҳидов, ҳарду аз рӯйи номинатсияи техника ва технологияҳои иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд. 
Ҳамзамон, дар озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол" Рухмина Қудратова, магистранти курси 1-уми ихтисоси низоми технологияи иттилоотӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Муҳаммадӣ Нусратзода сазовори ҷойи сеюм гардид. 
Ҳамчунин, устоди кафедраи математикаи олии донишгоҳ, номзади илмҳои физика-математика, дотсент Бахтиёр Саидов барои саҳм гузоштанаш дар баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. 
Роҳбарияти донишгоҳ ва донишҷӯён ғолибонро бо хушнудӣ ва гулдастаҳо истиқбол гирифтанд. Ректори ДДМИТ Ҳ. Абдуалимзода ба ғолибон барои муаррифии донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар оянда барояшон дар таҳсил ва иштирок дар озмуну олимпиадаҳо барору муваффақиятҳо таманно намуд. 


М. Ҳамроев, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия