Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ду ҳимоя дар як рӯз

Ду ҳимоя дар як рӯз

Афзудани ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар ДДМИТ барои тақвияти иқтидори илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таълим ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат мекунад. 
Ин навбат, 26-уми апрели соли ҷорӣ дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ассистенти кафедраи молияи ДДМИТ Шавкат Намозализода диссертатсияи номзадиашро дар мавзуи “Ташаккул ва рушди корхонаҳои коркарди саноати маҳсулоти кишоварзӣ (дар мисоли минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)” аз рӯйи ихтисоси 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисод ва идораи КАС-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Тағоев бомуваффақият ҳимоя намуд. 
Ҳамзамон, дар нимаи дуюми ҳамин рӯз ҳамин шурои диссертатсионӣ ассистенти кафедраи аудит ва ревизия Анис Оев диссертатсияи номзадиашро дар мавзуи «Танзими низоми идоракунии хавфҳои қарзӣ дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисоси 08.00.07 - Молия, муомилоти пулӣ ва қарз зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон бомуваффақият ҳимоя кард. Бояд гуфт, ки таҳқиқотҳои мазкур актуалӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани он муаллифон якчанд тавсияҳои илман асоснок низ намудаанд. 
Мо аҳли коллективи донишгоҳ бо ин ин дастовард Шавкат Намозализода ва Анис Оевро муборакбод гуфта, барояшон муваффақиятҳои нави эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем. 


Тағоймурод Эшзода