Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷамъбасти ҳафтаи илм

Ҷамъбасти ҳафтаи илм

Рӯзи 27-уми апрел дар ДДМИТ маросими ҷамъбастии конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» доир гардид. 


Нахуст, Ф. Қодиров, муовини ректор оид ба илм изҳор намуд, ки дар донишгоҳ ҳафтаи илм дар сатҳи зарурӣ доир гардида, дар конференсия маърузачиён фаъолона иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки сол то сол талабот зимни интишори мақолаҳои илмӣ ҷиддӣ шуда, устодонро мебояд, ки дар ин самт масъулияти бештар ҳис намоянд. 


Дар конференсияи навбатӣ натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки ҳадаф аз баргузории конференсияҳои апрелӣ ҷамъоварии пешниҳодҳои илман асосноки ҳар як муҳаққиқ дар асоси корҳои тадқиқотӣ барои вазорату муассисаҳои дахлдор мебошад. Бинобар ин, пешниҳодҳои олимону муҳаққиқон пайваста ба назар гирифта мешавад. 


Дар ҷамъбасти конференсия маърузаҳои н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба илм Фирӯз Қодиров дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» ва н.и.ф, дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Гулпарӣ Ҳусейнова дар мавзуи «Мубрамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар марҳилаи муосири тараққиёт» шунида шуд. 


Дар муҳокима устодон Ҷ. Бобоев, М. Нусратзода, У. Воҳидов ва дигарон суханронӣ намуданд. Дар натиҷа, 52 мақола беҳтарин дониста шуда, ба муаллифон ифтихорномаҳо тақдим гардид. 


Н. Ҷобиров