Хабарҳо
Баррасии методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият дар ДДМИТ
Санаи 29-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Розиқзода Алихон ва сарнозири ҳамин раёсат Акрамзода Ёсамин ширкат варзиданд. Чорабиниро муовини аввали ректори ДДМИТ, муовини ректор оид ба таълим Сатторзода Бобоҷон ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар ДДМИТ пайваста чорабиниҳо вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии хавфҳои коррупсионӣ гузаронида мешаванд.
Сипас, подполковники адлия Розиқзода Алихон суханронӣ намуда, қайд кард, ки ДДМИТ яке аз муассисаҳои фаъол дар самти мубориза бо коррупсия буда, мунтазам дар ҳамкорӣ бо Агентӣ чорабиниҳо мегузаронад. Қайд карда шуд, ки таҳлили фаъолият, яъне хавфҳои коррупсионӣ дар доираи фаъолияти кумита, агентӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» гузаронида мешавад. Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31-и Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи кумита, агентӣ ва донишгоҳҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад. Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар кумита, агентӣ ва донишгоҳҳо, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро пешкаш намоянд. А.Розиқзода қайд намуд, ки таҳлили хавфҳои коррупсионӣ кори дастаҷамъона мебошад. Кормандони ботаҷрибаи муассиса метавонанд дар ин самт ба ҳайси машваратчӣ баромад намуда, роҳу усулҳои пешгирии амалҳои коррупсиониро ба роҳбарияти муассиса пешкаш намоянд. Дар фарҷоми суханронии худ А.Розиқзода қайд намуд, ки Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо ҳамеша омода аст ва метавонад дар ҳама сатҳ ба муассисаҳои таълимӣ машварат диҳад.
Акрамзода Ёсамин дар баромади худ қайд намуд, ки дар ДДМИТ гурӯҳи корӣ оид ба муайян намудани хавфҳо ташкил шуда, марҳилаи якум ва дуюми нақша иҷро шудааст ва марҳилаи сеюм иҷро шуда истодааст. Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият зарур аст, ки дар асоси баҳогузорӣ нуқтаҳои заъф муайян шуда, хавфҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шаванд. Мақсади асосии ташкили чунин чорабиниҳо ёрии амалӣ расонидан ва машварат додан ба муассисаҳо мебошад.
Дар музокира муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров баромад намуда, қайд кард, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ тамоми чораҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва бартараф кардани хавфҳои коррупсионӣ андешида шуда, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳо гузаронида мешаванд.