Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» дар ДДМИТ

Озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» дар ДДМИТ

Рӯзи 2-юми майи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати андозсупории сокинони кишвар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кондекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. 
Сараввал иштирокчиёни озмун – 94 нафар донишҷӯ аз 12 муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешаванд ва роҳбарони онҳо аз дастовардҳои ДДМИТ ва озмоишгоҳҳои иқтисоди рақамӣ ва хадамоти гумрук дидан карда, аз шароитҳои таҳсили толибилмон шинос шуданд. 
Қисмати ифтитоҳии озмун дар толори конфронсӣ доир гардид ва дар он Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Комрон, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси кумита, Умед Абдулмаҷидзода, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни озмун, устодон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок доштанд. 
Ҷаласаро ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек кушода, иштирокчиёни озмун ва меҳмононро ба таълимгоҳ хайра мақдам гуфта, қайд намуд, ки баргузории озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» дар ДДМИТ ба анъана даромадааст ва он дар доираи ҳамкориҳо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва дида мешавад, ки таваҷҷуҳ ба ин озмун сол ба сол афзуда истодааст. 
- Мусаллам аст, ки сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ мешавад. Ҳадафи асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молии давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба мақсадҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Албатта, барои пешбурди сиёсати андозӣ мутахассисони варзида лозиманд, ки ДДМИТ низ дар баробари дигар муассисаҳои таълимии кишвар дар омодасозии мутахассисони соҳа саҳмгузор аст ва бештари кормандони мақомоти андозро хатмкунандагони мо ташкил медиҳанд,- гуфт ректор. 
Ӯ дар охири суханронӣ ба иштирокчиёни озмун барор хост. 
Сипас Собир Вазиров аз номи роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни озмунро муборакбод намуда, қайд намуд, ки мақсади баргузории озмун ин тарғиби сиёсати андоз ва андозбандӣ ҳамчун поягузори давлат, дарки масъалаҳои андозбандӣ ва баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ мебошад. 
Мавсуф таъкид кард, аз рӯйи таҷриба маълум гардид, ки аксари кормандони вазорату идораҳои давлатӣ қонунгузории андозу андозбандиро намедонанд ва баргузории ин қабил чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати андозсупории шаҳрвандон ва тарғиби он заминагузор аст. 
Вазиров С. дар идома шартҳои озмунро ба иштирокчиён шинос кард. Озмун аз рӯйи ду номинатсия - «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ- назариявӣ» баргузор мегардад. Рақибонро аз рӯйи қуръапартоӣ муайян мекунанд. 
Озмун пагоҳ санаи 3-юми май ҷамъбаст гардида, ба ғолибон Ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида мешавад.

 
М. Абдуллоева