Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аз ҷараёни озмун

Аз ҷараёни озмун

Озмун аз рӯйи номинатсияи «Даставӣ-амалӣ» рӯзи 2-юми май ва аз рӯйи «Даставӣ-назариявӣ» рӯзи 3-юми май баргузор мегардад. ,Аз рӯйи номинатсияи «Даставӣ-назариявӣ» дастаҳои иштирокчии озмун ба ду гурӯҳ, яъне гурӯҳи А ва гурӯҳи В ҷудо гардиданд, ки дар қуръакашӣ рақибон аллакай муайян гардиданд. Аз ҳар ду гурӯҳ се даставӣ, ки соҳиби холи баланд мегарданд, ғолиб дониста шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. 
Дониши иштирокчиёни озмунро олимон ва мутахассисони соҳаи андоз ва андозбандӣ баҳогузорӣ мекунанд. 
Ғолибони даври ниҳоӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва 4 гардида, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои ДДМИТ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳадафи озмун муаррифии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, донишҳои назариявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тақвият бахшидани ҳисси хештаншиносии донишҷӯён мебошад.