Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аксияи “Тоҷикона мепӯшем”

Аксияи “Тоҷикона мепӯшем”

Имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани донишҷӯдухтарон, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии онҳо ва тарғиби маданияти либоспӯшӣ дар фасли баҳор дар пойтахти мамлакат пӯшидани атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ роҳандозӣ шуда истодааст. 
Бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, баланд бардоштани мақому манзалати он шуруъ аз моҳи март то охири моҳи майи соли 2024 дар ДДМИТ ҷиҳати аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии хуруфотпарастӣ ва пӯшидани сару либоси бегона байни омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон аксияи “Тоҷикона мепӯшем”-ро роҳандозӣ намудаанд. 
Мавриди зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Раёсати донишгоҳ низ бо ин гуна тадбирҳо пайваста дар муаррифии либосҳои миллӣ тибқи талаботи дастурамали либосҳои тавсиявӣ саҳмгузорӣ менамояд. 


Тағоймурод Эшзода