Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Тавре иттилоъ дода будем, санаи 2-юми майи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ДДМИТ баргузор намуд, ки дар он 94 иштирокчӣ аз 12 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок карданд. 
Санаи 3-юми май маросими ҷамъбастии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим баромад намуда, қайд кард, ки ҳадафи гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндаи соҳаи андоз ва андозбандӣ ва дарёфти мутахассисони лаёқатманд мебошад. Гузаронидани чунин озмун таъмини ҳамбастагии назария бо амалия мебошад. Қайд карда шуд, ки ҳакамон аз рӯи адолату шаффоф баҳогузорӣ намуда, ба дастаҳо баҳои холисона доданд. 
Сипас ба Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Комрон, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси кумита ва Умед Абдулмаҷидзода, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаи ДДМИТ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба намояндагони ҳамаи МТОК-и дар озмун иштирокнамуда низ сипосномаи ДДМИТ тақдим карда шуд. 
Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯи ду номинатсия - «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ- назариявӣ» баргузор гардид. 
Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаи ҳакамон ғолибон ба таври зайл муайян карда шуданд: 


Дар номинатсияи «Даставӣ-амалӣ»: 
Ҷойи якум - дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон; 
Ҷойи дуюм - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 
Ҷойи сеюм - дастаҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд. 


Дар номинатсияи «Даставӣ-назариявӣ»: 
Ҷойи якум - дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд; 
Ҷойи дуюм - дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон; 
Ҷойи сеюм - дастаҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. 


Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуданд. 
Дар фарҷоми чорабинӣ Собир Вазиров баромад намуда, қайд кард, ки ДДМИТ озмунро дар сатҳи баланд ташкил намуда, барои иштирокчиён шароитҳои беҳтаринро таъмин намуд. Таъкид гардид, ки доварӣ дар озмуни соли 2024 нисбат ба солҳои гузашта мушкилтар буд. Чунки сатҳи омодагии дастаҳо аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошта, фарқияти дастаҳо дар сатҳи холҳои минималӣ буд. Хурсандиовар аст, ки дар озмун донишҷӯдухтарон хеле фаъол буданд ва изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда иштирокчиёни озмун мутахассисони беҳтарини соҳаи андозбандии ҷумҳурӣ мегарданд. 
Чорабинӣ бо гирифтани акси хотиравии дастаҷамъӣ ба анҷом расид.