Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қадрдонии садорати факултет

Қадрдонии садорати факултет

Санаи 7-уми майи соли равон дар толори таълимии донишгоҳ бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он декани факултет, кормандони раёсати корҳои тарбиявӣ, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок доштанд.
 Чорабиниро Амрулло Нурализода, декани факултет ҳусни оғоз бахшида, ҳангоми суханронӣ аз дастовардҳои беҳтарини устодон ва донишҷӯён ёдовар шуд ва таъкид кард, ки толибилмони факултет дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандагони Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки чанде пеш дар донишгоҳ баргузор гардида буду дар он 94 нафар аз 12 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ иштирок доштанд, дар номинатсияи «Даставӣ-амалӣ» ҷойи якум ва дар номинатсияи «Даставӣ-назариявӣ» ҷойи дувумро сазовор гардиданд, ки мо аз ин фахр мекунем. Ҳамчунин, ӯ ба донишҷӯён дар бораи интихоби дурусти касби худ дар шароити ҷаҳонишавӣ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ӯ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори ақида намуд. 
Зимни баромади худ сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода қайд намуд, ки барои баланд бардоштани интизом ва сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро пурзӯр намоянд ва дар бораи аз болои худ кор кардану бо донишҷӯ робитаро тақвият бахшидан ва суҳбатҳои инфиродӣ гузаронидану дарсҳои сиёсиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондан фикру ақидаҳои ҷолиб баён кард. 
Дар анҷом аз ҷониби садорати факултет 25 нафар устодон ва донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ доранд ва дар озмуну олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. 


Тағоймурод Эшзода