Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар ДДМИТ доир гардид

Озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар ДДМИТ доир гардид

Санаи 07 май дар ДДМИТ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» миёни магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид. Вобаста ба ин фармоиши ректори донишгоҳ аз 04.04.2024 №41/И ба тасвиб расида, Низомнома ва ҳайати комиссияи даври якум муайян гардид. 
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм Қодиров Ф.А. ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба истиқлоли давлатӣ, сулҳ ва ризояти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» миёни магистрантон ва донишҷӯёни ДДМИТ баргузор мегардад. Мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат хотирнишон аз он мекунанд, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷирае дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад. Ҳамин тариқ, ҳамаи мову шуморо зарур аст, ки доимо асарҳои пурмазмуну таърихии Пешвои миллатро мутолиа намоем. 
Сипас сардори раёсати илм ва инноватсия Фарайдунов О.Қ. вобаста ба аҳаммияти озмун фикру андешаҳояшро иброз дошт. Мавсуф қайд намуд, ки ҳар як асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу фардоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия менамояд. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд. Мутолиаи асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ, ватанпарвариву ваҳдатгароӣ беназир аст. 
Сипас тибқи талаботи Низомномаи озмун даври якум баргузор гардида, дар он 8 нафар донишҷӯ ва як нафар магистрант иштирок намуданд. 
Баъд аз хулосаи комиссия 3 нафар донишҷӯ - Ҳаймаҳмадов Муҳаммад, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ, Тилабов Назирҷон, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси информатикаи иқтисодӣ, Ҳомилзода Эҳсон, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси идораи давлатӣ сазовори холҳои нисбатан баланд гардида, ба даври минбаъда роҳ ёфтанд. 
Бояд гуфт, ки сарпарасти озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баргузории даври ниҳоии он ҳафтаи чоруми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст. 


Фарайдунов О.Қ.