Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маърифати ҳуқуқӣ: масъалаҳои ҳуқуқӣ-иқтисодии заминистифодабарӣ

Маърифати ҳуқуқӣ: масъалаҳои ҳуқуқӣ-иқтисодии заминистифодабарӣ

Таҳти ин унвон рӯзи 11 майи соли 2024 дар ДДМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» доир гардид. 
Нахуст Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори донишгоҳ конфронсро кушода, иброз дошт, ки воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ - бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. 
Қобили зикр аст, ки ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии мамлакатро сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарки ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо ва амсоли ин масъалаҳои маърифатнокии аҳолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар тадбирҳои судманди ҳуқуқиву иқтисодӣ ва иттилоотиву маърифатӣ таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. 
Боиси хушнудист, ки соли 2024 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида, дар ин самт нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда шудааст. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ нақшаи чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ тасдиқ гардида, яке аз бандҳои онро ташкилу баргузории чорабиниҳои илмӣ, аз қабили конференсияву семинар ва мизҳои мудаввар ташкил медиҳад. Албатта, доир намудани конференсияҳои илмӣ дар мавзуъҳои мухталифи ҳуқуқӣ бо назардошти аз нигоҳи илмӣ таҳлилу баррасӣ ва пешниҳод гардидани тавсияҳои илман асоснок ба такмили қонунгузории ҷории кишвар, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамоянд. 
Ба андешаи мавсуф, конференсияи мазкур низ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ: масъалаҳои ҳуқуқӣ-иқтисодии заминистифодабарӣ» яке аз мавзуъҳои мубрам дар шароити кунунӣ ба ҳисоб рафта, ба такмили қонунгузории замин ва танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ равона гардидааст. 
Сипас, Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ: масъалаҳои ҳуқуқӣ-иқтисодии истифодабарии замин» маъруза намуда, дар бораи таҳияи Конститутсия ва меъёрҳои он, инчунин дар бораи замину истифодабарии ин сарвати табиат изҳори андеша намуд. 
- Кодекси замини амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 боб ва 105 модда иборат мебошад. Кодекси мазкур қоидаҳои асосӣ ва ҳуқуқи заминистифодабарандагон барои додани замин, пардохти замин, қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин, ҷуброни товони зарари заминистифодабарандагон ва ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш, ҳифзи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин, ҳифзи замин, назорати давлатии риояи қонунгузории замин ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шароит фароҳам меоварад, - афзуд баромадкунанда. 
Шавкат Исмоилов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ дар бораи ҳадафҳои танзими ҳуқуқии замин изҳори андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар инкишоф қарор дошта, онҳо талаботи объективиро барои танзими ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоранд. Муносибатҳо вобаста ба баҳои замин низ чун қисми таркибии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати инкишоф қарор дорад. Қонунгузории баҳои замин дар заминаи муносибатҳо вобаста ба баҳои замин низ бояд хусусияти динамикиро касб намояд. Баҳои замин падидаи мураккаби қонунгузории замин маҳсуб ёфта, ба қисми бештари падидаҳои қонунгузории замин алоқамандӣ дорад. Дар сатҳи дахлдор ва кофӣ танзим ва рушд кардани муносибатҳо вобаста ба баҳои замин ба инкишоф ва татбиқи пурраи дигар муносибатҳо вобаста ба баҳои замин мусоидат мекунад. 
Ба назари маърузакунанда, замин ҳамчун таҳкурсии иқтисодии ҳар форматсияи иҷтимоӣ ва сохтори молиявӣ-қарзӣ буда, манбаи асосӣ барои беҳдошти ҳолати иқтисодӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Мақсади асосии ташаккули бозори муосири ҳуқуқи истифодаи замин ин истифодаи пурра ва самараноки замин мебошад. 
Дар идомаи кори конференсияи ҷумҳуриявӣ олимону ҳуқуқшиносони мамлакат чунин мавзуъҳои вобастаро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, Ҷамшед Муртазозода, профессори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - «Принсипҳо ва заминаҳои соҳибкории хонаводаҳо дар Тоҷикистон (дар мисоли хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермурӣ)”, Шукрулло Ғаюрзода, мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ - «Маънои истилоҳи «замин» дар танзими ҳуқуқи маданӣ», Муҳаммадҷон Соҳибзода, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дастоварҳо ва мушкилот оид ба кодификатсияи қонунгузории замини Ҷумҳурии Точикистон дар мисоли лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав», Ҷамрод Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ - «Уҳдадорӣ дар натиҷаи расонидани зарар ба замин», Иномҷон Аминов, профессори кафедраи менеҷменти ДДМИТ - «Проблемаҳои миллӣ ва минтақавии иқтисодӣ ва ҳуқуқии истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Тахмина Шарифзода, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ - «Ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон: масъалаҳои қонунгузорӣ ва амалӣ », Фирӯз Сулаймонов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ - «Масъалаҳои баҳсноки лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», Саидакмал Мирсаидов, профессори кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ - «Зарурати оқилона истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар шароити номуайянии иқтисодӣ» ва дигар намояндагони муассисаҳои мухталифи мамлакат дар мавзуъҳои мавриди назар маъруза намуданд. 
Дар конференсия бо иштироки олимону коршиносони соҳа, кормандон ва мутахассисони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва унвонҷӯёну аспирантон зиёда аз 36 мақолаву маъруза доир ба муҳимтарин масъалаҳои қонунгузории замин шунида шуд. 
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, таҳти АП-533 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 тасдиқ гардид, ки банди 5 он тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро тавассути ташкил ва баргузор намудани семинар, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои дигари оммавӣ ташкил менамояд. Баргузории конференсияи мазкур низ ҷиҳати таъмини иҷрои банди мазкури нақшаи чорабиниҳо роҳандозӣ гардид. 


Наврӯз Ҷобиров