Хабарҳо
Оила сутуни ҷомеа ва давлату миллат аст
Санаи 10-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат” ҳамоиши илмӣ-тарбиявӣ бо иштироки фаъолзанони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар он Рухшона Юсупова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар мавзуи “Оила ва пойдории он дар ҷомеа”, Арзигул Турсунова, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзуи “Оила ва нақши он дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик”, Шаҳноза Ғафорова, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзуи “Оила омили асосии муҳити солим дар ҷомеа солим”, Шарифзода Тахмина, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзуи “Ивазшавии арзишҳои оиладорӣ дар ҷомеаи мо” ва Манзура Ҳасанова, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия дар мавзуи “Занони даврони Истиқлол” баромад намуда, нақш ва манзалати оилаи намунавиро ба ҷавонон шарҳ доданд.
Гуфта шуд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.Ба ибораи дигар оила сутуни ҷомеа давлату миллат аст. Ин пайванди ногусастанӣ асрҳо инҷониб идома дошта, давлату ҳукумат рушди оиларо дар сиёсати меҳварии худ қарор додааст. Дар сатҳи давлатӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи оила ва расму оини мардумӣ худ далели ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат будани оиларо мемонад, ки ҳадафи он беҳбуд бахшидан ба ҳаёти мардуми мамлакат ва боз ҳам баланд бардоштани маънавиёти оила мебошад.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш ин муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигаҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандон ва дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо маънидод карда шуд.
Тахмина Умаралиева, корманди раёсати корҳои тарбиявӣ