Хабарҳо
Тарбия набошад дониш ҳам намешавад
Масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи донишҷӯён, дар руҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи кураторон ва волидон мебошад.
Бо ин мақсад санаи 14-уми майи соли равон вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати кормандон ва устодон ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, эдвайзерони корҳои тарбиявӣ ва кураторони гурӯҳҳои академӣ доир гардид. Дар он вазъи корҳои таълиму тарбия дар таълимгоҳ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.
Зимни баромад ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода оид ба вазъи раванди таълиму тарбия, иштироки кормандон дар чорабиниҳои илмӣ, фаъолияти кураторон, иҷрои нақшаҳои инфиродӣ изҳори андеша намуда, гуфт, ки мақсад аз вохӯрии имрӯза беҳтар кардани фаъолияти таълимиву тарбиявӣ мебошад. Дар баробари ин, ӯ дар бораи иҷрои саривақтии вазифаҳои кураторон истода гузашта, афзуд, ки дар ҷодаи тарбия кураторон метавонанд саҳми боз ҳам бештар дошта бошанд. Яъне, куратор ҳам падари маънавии донишҷӯ ва ҳам чашму ҳуш ва дасти рости садорати факултет мебошад. Тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон аз ҳар яки мо масъулияти баландро тоқазо мекунад. Ҳамагонро зарур аст, ки дар ин кори бомасъулият бетараф набуда, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ бикӯшанд, то ин ки натиҷаҳои назаррас ба даст ояд, - гуфт дар охир Ҳ.Абдуалимзода.
Ҳамчунин, масъалаҳои дастгирии донишҷӯёни фаъол, навиштани мақолаҳои вокунишӣ, тартиб додани нақшаҳои инфиродӣ, фаъолият аз рӯйи принсипҳои дониш, тарбия, масъулият, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ва экстремистӣ, оқилона истифода бурдани телефонҳои мобилӣ нуктаҳои муҳимми баромади ректор ба ҳисоб мерафтанд.
Дар музокира муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Б. Сатторзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода ва муовини декан оид ба илми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт У. Воҳидов ва раиси шурои кураторони донишгоҳ М. Давлатова нуқтаи назари худро дар бораи роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо дар самти таълим, илм, тарбия, ба аттестатсия омода намудани кормандон, иҷрои нақшаи инфиродӣ, ҷалб ва аъзо намудани донишҷӯён ба Китобхонаи миллӣ ва донишгоҳӣ, таҳкими робитаи муассиса бо волидони донишҷӯён, риояи пӯшидани либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯён, дар бораи навбатдории кураторон, шинос намудани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, одоби муошират изҳори андеша намуда, таклифҳои ҷолиб пешниҳод карданд.
Тағоймурод Эшзода