Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оила унсури асосии ҷомеа

Оила унсури асосии ҷомеа

Дар доираи Рӯзи байналмилалии оила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир мегарданд. Чунин як ҷамъомади идона санаи 15-уми майи соли равон бо иштироки муовини ректор оид ба тарбияи ДДМИТ Мастура Буриева дар факултети иқтисод ва бизнес доир гардид. 
М. Буриева дар баромади худ қайд намуд, ки аҳаммияти оила дар ҳаёти инсон бузург аст. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некуаҳволии халқ беҳ мегардад. 
Декани факултети иқтисод ва бизнес Амрулло Нурализода аз вазифаҳои оила ёдовар гардида, афзуд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Чорабинӣ, ки дар сатҳи баланд баргузор гардид, бо супоридани сипосномаҳо ба донишҷӯдухтарони фаъоли факултет ба поён расид. 


Тағоймурод Эшзода