Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҶОРИНАМОИИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ДАР ҲИСОБДОРӢ ВА АУДИТ

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҶОРИНАМОИИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ДАР ҲИСОБДОРӢ ВА АУДИТ

Санаи 18-уми майи соли 2024 дар ДДМИТ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ” бо иштироки меҳмонон ва мутахассисони соҳа доир гардид. 
Нахуст, Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори ДДМИТ конференсияро кушода, иброз дошт, ки дар шароити имрӯза яке аз омилҳои таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рақобатпазирии он дар бозорҳои ҷаҳонӣ иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба татбиқи иқтисодиёти рақамӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. 
Консепсияи мазкур барои марҳала ба марҳала анҷом додани рақамикунонӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шуда, давраи амалишавии он дар се марҳала то соли 2040 ба нақша гирифта шудааст. Яке аз қисматҳои амалисозии марҳилаи якум ин вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад. Вобаста ба ин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшид, гуфт ректор. 
Дар баробари ин, ректор таъкид дошт, ки барои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар мутахассисон нақши муҳим мебозанд ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо омода кардани мутахассисони ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ саҳм мегузорад. 
Пасон Валимат Мавлонзода, сардори раёсати таҳлил, стандартҳо, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Аудити давлатӣ ва нақши он дар таъмини самаранок истифодабарии воситаҳои буҷетӣ” баромад кард. Ӯ қайд намуд, ки барои ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти он, мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ коркарди механизмҳои нави маблағгузориҳоро тақозо мекунад. Чунин механизмҳоро метавон дар натиҷаи васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои нави аудити мутобиқати молиявӣ ва аудити самаранокӣ дарёфт намуд, гуфт баромадкунанда. Мавсуф дар бораи вазифаҳои Палатаи ҳисоб ва робитаҳои байналмилалии он маълумоти пурра дод. Ӯ таъкид дошт, ки нақшаи стратегии Палатаи ҳисоб таҳия гардидааст, ки ҳадафҳои стратегӣ баланд бардоштани индекси шаффофияти буҷет ва коҳишёбии индекси коррупсияро дар назар дорад. 
Дар идома Абдулҳай Қурбонов, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ дар мавзуи “Раванди амалисозии баҳисобгирии муҳосибӣ дар низоми стандартҳои байналмилалӣ”, Сайалӣ Мирзоев, корманди Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Масъалаҳои татбиқи иқтисоди рақамӣ дар омор”, Мавҷуда Ғоибназарзода дар мавзуи “Рушди баҳисобгирии мусоҳибӣ тибқи СБҲМ дар БМТ” баромад намуданд. 
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад. 
Дар айни замон масъалаи истифодаи технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла дар баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор муҳим арзёбӣ мегардад. Рушди иқтисодиёти рақамӣ такмили технологияҳои муосири иттилоотиро тақозо мекунад, ки имкониятҳои нав фароҳам меорад. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии ташкилотҳо тавассути кам кардани хароҷот, коҳиш додани таъсири омили инсонӣ ва суръатбахшии кор мусоидат мекунад. 
Дар охир музокира сурат гирифт. 


Машҳура Абдуллоева