Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти навбатии теннисбозон

Ғолибияти навбатии теннисбозон

Бо ташаббусти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзҳои 17-18-уми майи соли равон Спартакиадаи варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт аз рӯйи намуди волейбол, шоҳмот ва тенниси рӯйи миз баргузор гардид.
Спартакиадаи варзиширо Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки теннисбозони ДДМИТ дар ин мусобиқот ғолиб омаданд. Бино ба иттилои мураббии даста Беҳруз Азизқулов дар ин спартакиада Азима Мирсалимова ва Олучамо Зулфиқорова, донишҷӯёни курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз намуди тенниси рӯйи миз баромад намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд ва бо диплому медали мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории Спартакиадаи варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, таҳкими дустию рафоқат байни ҷавонон ва пешгирии таъсири ақидаҳои ифротиву харобкорона мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони даври минтақавии Спартакиадаи варзишӣ ба даври ҷумҳуриявӣ, ки 25 майи соли равон дар Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» баргузор мегардад, роҳхат мегиранд.


Ҷовидон Халифазода, раиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ