Хабарҳо
Ҳамоиши ҷавонон
Санаи 20-уми майи соли равон дар донишгоҳ ҳамоиши тарбиявӣ-сиёсии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни муассиса бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зери унвони «Пешвои миллат: ҷавонон ва фарҳанги сулҳ» баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод иштирок намуданд.
Ҳамоишро бо суханони ифтитоҳӣ ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода кушода, меҳмононро ба таълимгоҳ хайра мақдам гуфт ва ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон муборакбод намуд. Ректор қайд намуд, ки ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон имрӯзҳо тамоми шароитҳо барои кору фаъолият муҳайё карда шудааст. Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пиёдакунии сиёсати ҷавонон саҳм мегузорад. Аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд 68 нафар волонтёр бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ва 83 нафар донишҷӯ мактаби «Пайравони Пешвои миллат»-ро хатм карданд, ки барои ташаккули шахсияти ҳар як ҷавон таъсиргузор буд.
Дар идома Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор баромад карда, дар бораи моҳияти таҷлили Рӯзи ҷавонон, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ибрози андеша карда, гуфт, ки воқеан, ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузургеро дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти миллат бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ғайрату матонати ҷавонон вобастагӣ дорад.
Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушди такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад. Шароитҳои фароҳамовардашуда бошад, баҳри рушду инкишофи имкониятҳои зеҳнӣ, ҳамчун як шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд, ки ин дар навбати худ дар замири онҳо қобилиятҳои нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ ба маротиб боло бурд.
- Мусаллам аст, ки имрӯз дар такя ба қувва ва неруи ҷавонон мо ҳадафҳои бунёдкоронаи имрӯзаю ояндаи худро баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба нақша мегирем ва ҷиҳати ноил гардидан ба он тамоми қувва ва тавони худро сафарбар намуда истодаем, - гуфт Гулаҳмадзода З.
Баъдан Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод дар бораи сиёсати рушди сайёҳӣ, имкониятҳои рушд, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии рушди соҳа, омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ истода гузашт. Мавсуф қайд намуд, ки дар 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар мутахассисони соҳаи сайёҳӣ омода карда мешаванд, аз ҷумла дар ДДМИТ низ ихтисоси менеҷменти сайёҳӣ амал мекунад. Ӯ ба донишҷӯён муроҷиат карда, гуфт, ки барои мутахассиси ҷавобгӯи талаботи замон шудан бояд забонҳои хориҷиро аз худ намуд ва онҳоро ба забономӯзӣ даъват кард.
Дар идома сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Халифазода Ҷовидон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули неруи зеҳнии ҷавонон» баромад карда, дар бораи сиёсати ҷавонон ва илмомӯзии онҳо ибрози андеша намуд. Ӯ гуфт, ки пешрафти имрӯзаи ҷамъият ҳарчи бештар ба илму маданият, қувваи бунёдкории эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷи калон дорад. Шароити имрӯзаи кишвар талаб менамояд, ки миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намуда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо замина муҳайё созем ва қувваи созандаи онҳоро баҳри фатҳи қуллаҳои нави илм, техника ва фарҳанг равона созем. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки бе иштироки бевосита ва фаъолонаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ягон натиҷаи назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст.
Мавсуф аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар тадбирҳои ҳавасмандкунандаро барои расидан ба ҳадафҳои созанда муассир арзёбӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ғолибони даври донишгоҳии озмуни “Беҳтарин донишҷӯи сол - 2024” бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Донишҷӯёни беҳтарин – Рустамов Баҳриддин, Насриддинов Шоҳрух, Манучеҳрзода Мадина, Табуров Шоҳрамазон бо натиҷаҳои назарраси хониш ва интизоми намунавӣ ба сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Дар баробари ин, устодони ҷавони донишгоҳ, ба монанди Мирзоев Ҳ., Назарова Н., Зарипов М., Ҷураева Н. ва донишҷӯён -пайравони Пешвои миллат Сафаров С. ва Давлатов Ҳ. барои фаъолияти пурсамар бо Сипосномаи ДДМИТ мукофотонида шуданд.
Ҳамзамон, ба устодони ҷавон – Самардини Ш., Ҷумаев И., Чориева Ф., Муминов Ф., Ҷангиев Ҷ., Ғафорова Ш., Абдуғаффорзода Ф., Ҳабибов С., Неъматуллои М. барои мусоидат дар татбиқи сиёсати ҷавонон Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар музокира Гулрухсор Анорбоева, котиба-коргузори факултети ҳисобдорӣ ва омор баромад карда, дар бораи рисолати ҷавонон, зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ва дигар масъалаҳои марбут ба камолоти ҷавонон изҳори андеша намуд.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонон аз дастовардҳои донишгоҳ, синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, шуъбаи мониторинг ва сифати таълим, осорхона дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.
Машҳура Абдуллоева