Хабарҳо
Ғолибияти навбатии футзалбозони ДДМИТ
Боиси ифтихор аст, ки дар бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май Рӯзи байналмилалии футбол эълон гардид. Вақтҳои охир ба футбол ва футзал таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва чорабиниҳои варзишӣ доир мегардад.
Ҷои таҳсин аст, ки футзалбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мусобиқае, ки бо ибтикори Донишкадаи Кунфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 8 май доир гардид, миёни ҳашт дастаи варзишии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, сазовори ҷои савум гардида, бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Бояд қайд кард, ки дастаи футзалбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Собир Шокиров ба ҳайси сармураббӣ ва Исматулло Аҳадов ба ҳайси мураббӣ роҳбарӣ мекарданд.
Мо дастаи футзалбозонро ба ин пирӯзиашон дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи варзишиашон музаффариятҳои навро таманно дорем.
Ҷ.Халифазода сардори шуъбаи кор бо ҷавонон