Хабарҳо
Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Санаи 21-уми майи соли равон бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес ҳамоиши тарбиявӣ-сиёсии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни факултет бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зери унвони «Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд» доир гардид.
Ҳамоишро бо суханони ифтитоҳӣ декани факултет А. Нурализода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон муборакбод намуд.
Номбурда қайд кард, ки ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо барои кору фаъолияти ҷавонон муҳайё карда шудааст. Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
- Донишҷӯён ва омӯзгорони факултет дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар татбиқи сиёсати ҷавонон саҳм мегузоранд. Аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманди факултет 15 нафар волонтёр бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Инчунин, 17 нафар донишҷӯ маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат»-ро хатм кардаанд, ки барои ташаккули шахсияти онҳо дар оянда таъсиргузор аст.
Дар идома муовини ректор оид ба тарбия М. Буриева, сардори раёсати тарбия А. Давлатзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон Ҷ. Халифазода дар бораи моҳияти таҷлили Рӯзи ҷавонон, дастгириҳои Пешвои миллат ибрози андеша карда, изҳор намуданд, ки воқеан, ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузургеро дар ҷомеа бар дӯш доранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳои садорати факултет тақдим гардид.
Тағоймурод Эшзода