Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боз як ҳимояи муваффақона

Боз як ҳимояи муваффақона

Ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз тарафи устодон дар донишгоҳ барои тақвияти иқтидори илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат менамояд. Боиси хушнудист, ки имрӯз боз сафи олимони ҷавони донишгоҳ афзуд. 
Санаи 24-уми майи соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ Акимов Саидҷон Муродмадович дар мавзуи “Мукаммалгардонии механизми ташкилию иқтисодии баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои комплекси агросаноатӣ” (дар мисоли корхонаҳои комплекси агросаноатии вилояти Хатлон) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 6D050608 - иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ таҳти роҳбарии Мирсаидов Саидакмал Аврорович - доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд. 
Навгонии илмии таҳқиқот аз асоснокнамоии равишҳои назариявию методологӣ, инчунин коркарди тавсияҳои амалии такмили механизми ташкилию иқтисодии баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирии корхонаҳои комплекси агросаноатии вилояти Хатлон иборат мебошад. Мо бо ин дастоварди илмӣ Саидҷон Акимовро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш комёбиҳо таманно дорем.