Хабарҳо
Мубодилаи афкор байни устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо
Дар доираи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ бахшида ба Рӯзи кормандони андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ байни донишгоҳҳое, ки аз рӯи ихтисосҳои андоз ва андозбандӣ мутахассис омода менамоянд, мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар он мутахассисони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии политехникии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омӯзиши таҷриба иштирок намуданд.
- Мусаллам аст, ки сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ мешавад. Ҳадафи асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молии давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба мақсадҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Албатта, барои пешбурди сиёсати андозӣ мутахассисони варзида лозиманд, ки садорати факултет низ дар баробари дигар муассисаҳои таълимии кишвар дар омодасозии мутахассисони соҳа саҳмгузор аст ва бештари кормандони мақомоти андозро хатмкунандагони мо ташкил медиҳанд,- гуфт декани факултет Амрулло Нурализода.
Дар вохӯрӣ доир ба таҷрибаомӯзӣ, ҳамкориҳои илмӣ, навиштани мақолаҳою семинарҳои илмии муштараку маҷозӣ, гузаронидани олимпиадаҳо, виктаринаҳо ва чорабиниҳои дигари илмӣ байни устодону донишҷӯён гуфтугӯ доир гардид.
Баргузории чунин чорабиниҳои муҳим байни устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мусоидат намуда, масъулияти эшонро дар омӯхтану аз бар намудани донишҳои замонавӣ боло мебардорад.
Тағоймурод Эшзода