Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷаласа бо кормандони хоҷагии донишгоҳ

Ҷаласа бо кормандони хоҷагии донишгоҳ

Санаи 28-уми майи соли равон дар ДДМИТ бо иштироки устодон, донишҷӯён ва кормандони хоҷагию маъмурӣ ҷаласа доир гардид, ки дар кори он сардори шуъбаи мутобиқати кор бо вазорату идораҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ подполковник Саймуддин Боронов ва афсари калони маркази таълимии ҳамин Кумита подполковник Мушкиниссо Халифаева иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Нотиқон бо истифода аз слайд ва видеороликҳо ба ҳозирин дар бораи таъмини ҳифзи аҳолӣ, сарватҳои миллӣ ва ҳудудии кишвар аз офатҳои табиӣ сухан карда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта таклифҳои судманд пешниҳод намуданд. 
Дар ҷаласа зикр гардид, ки барномаи таълимӣ аз фанни асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои омода кардан ва омӯзонидани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шакли низоми кредитии таҳсил дар асоси Барномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сентябри соли 2010 мавриди амал қарор дорад, таҳия гардидааст. Он барои донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пешбинӣ шудааст ва барномаи мазкур аз нав коркард гардида, маводи машғулиятҳои аудитории лексионӣ-назариявӣ, машғулиятҳои аудитории амалӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷӯёнро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки толибилмон доир ба пешгӯӣ намудану баҳо додани натоиҷи имконпазири ҳолатҳои фавқулода, таъмини устувории иншоотҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ вобаста ба вуқӯъ омадани заминҷунбӣ, тармафароӣ, сел, ярч, обхезӣ, сӯхтор ва дигар намудҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, эпидемияҳо ва таҳдидҳои дигари бехатарии миллӣ мансуб донисташуда соҳиби маълумот мешаванд. 
Дар қисмати музокироти ҷаласа дотсенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании ДДМИТ Қурбоналӣ Сафаров ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки дар муассисаҳои олии кишвар омӯзиши фанни ҳолатҳои фавқулода аз 24 соат ба 52 соат расонида шуда, масъалаҳои омӯзиши соҳаи мазкур дар мадди аввал гузошта шавад. 
Табиист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз ҳама чунин ҳодисаҳои хатарноки табиӣ - аз қабили заминларза, сел, тарма, ярч, обхезӣ, хушксолӣ, хунукиҳои сахт, боришоти шадиди барфу борон, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, садамаҳо дар роҳҳои автомобилгард, дар шабакаҳои истеҳсолӣ ва ғайра ба қайд гирифта мешаванд. 
Бинобар ин, таъмин ва риояи қонуну қоидаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандиву бехатарӣ аз сӯхтор дар донишгоҳ вазифаи танҳо шахсони алоҳида набуда, он вазифаи ҳамагон аст. Аз ин рӯ, ҳамагонро зарур аст, ки ҳар бинову ашёи донишгоҳро чун гавҳараки чашм аз сӯхтор ва дигар офатҳо ҳимоя намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ба телефони боварии 112 - ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зананд. 

 Тағоймурод Эшзода