Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Такмили ихтисоси устодони ДДМИТ дар Ҷумҳурии Узбекистон

Такмили ихтисоси устодони ДДМИТ дар Ҷумҳурии Узбекистон

Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз санаи 18.05.2024 то 26.05.2024, муддати 9 рӯз як гурӯҳ устодони донишгоҳ барои гузаштани курси такмили ихтисос ба Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд ва Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо методикаи нави таълими вилояти Бухоро ва шиносоӣ бо таҷрибаю раванди таълими Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом доданд. 
Дар ин сафари корӣ омӯзгорони ДДМИТ бо як қатор корҳою таҷриба ва машғулиятҳои Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд ва Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо методикаи нави таълими вилояти Бухоро шинос шуданд ва дар ин баробар, бо таҷрибаю раванди таълими Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон бархурдор гардиданд. 
Дар шаҳри Самарқанд мулоқоти судманди ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ректори Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд М.Э. Пулатов ва ҳайати раёсати он баргузор шуд. Дар вохӯрии мазкур сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДДМИТ н.и.и., дотсент Ш. Сулаймонзода сипосномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро ба ректори донишкадаи мазкур муҳтарам М.Э. Пулатов аз номи ректори донишгоҳамон муҳтарам А.Ҳ. Абудалимзода тақдим кард. 
Санаи 22.05.2024 аз ҷониби ҳайати устодони ДДМИТ бо кафедраҳои тахассусии Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд шартномаи ҳамкорӣ байни кафедраҳои забонҳои хориҷии ДДМИТ ва забонҳои хориҷии ДИХС, муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии ДДМИТ ва иқтисоди ҷаҳони ДИХС, фаъолияти биржавии ДДМИТ ва иқтисоди рақамӣ ва молияи рақамии ДИХС ва фаъолияти бонкии ДДМИТ ва фаъолияти бонкии ДИХС ба имзо расонида шуд, ки барои ҳамкории кафедравӣ байни ҷонибҳо хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Дар анҷоми сафар аз ҷониби ҳайати раёсати Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд баъд аз анҷом ёфтани муҳлати курси такмили ихтисос ба ҳар як устоди донишгоҳ «Шаҳодатнома» дар бораи гузаштан аз коромӯзӣ тақдим гардид. 
Баъд аз анҷоми сафари кории устодони донишгоҳ дар Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд гурӯҳи корӣ ба Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо методикаи нави таълими вилояти Бухоро ва шиносоӣ бо таҷрибаю раванди таълими Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар гардиданд. 
Санаи 24.05.2024 семинари илмӣ-методӣ таҳти унвони “Самтҳои афзалиятноки ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи он дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо усулҳои нави таълими вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд. Ҳамзамон, бо мақсади шинос шудан аз раванди идоракунии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бухоро ҳайати устодони донишгоҳ ба ин муассисаи олии ҷумҳурии ҳамсоя ҳам сафар карда, бо тарзу усули корбарии он аз наздик шинос шуданд. 
Баъд аз анҷоми курси омӯзишӣ санаи 25.05.2024 аз ҷониби ҳайати роҳбарикунандаи Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон бо усулҳои нави таълими вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ба устодони донишгоҳ «Шаҳодатнома» дар бораи гузаштан аз коромӯзӣ тақдим карда шуд. 
Қобили тазаккур аст, ки аз курси такмили ихтисос гузаронидани ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва шиносоӣ аз раванди таълим дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар барои баланд бардоштани савияи дониш, ҷаҳонбинии устодон аз усулҳои нави таълим ва тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мусоидат менамояд. 


Сулаймонзода Ш.Ф.,сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДДМИТ