Хабарҳо
Донишҷӯи ДДМИТ - дар қатори беҳтаринҳо
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст».
Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир варзишгарони тоҷикро дастгирӣ ва сарпарастӣ намуда, инфрасохтори варзиширо зиёд намуда истодааст. Клуби муосири ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» намунаи беҳтарини иншооти варзишӣ мебошад, ки дар он ҷудочиён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барои тамрин меоянд. Варзишгарони клуб аллакай натиҷаҳои хуб ба даст оварда, аз ҳар як мусобиқаи иштироккардаашон медал оварда истодаанд. Фирдавси Баҳодур, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси технологияи иттилоотии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ аъзои Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо ва яке аз донишҷӯёни муваффақ мебошад, ки дар соли аввали донишҷӯияш дар ду сабқат ғолибият ба даст овардааст.
Ӯ дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ байни ҷавонони синни 17 то 21-сола, ки рӯзи 27-уми апрели соли 2024 доир гардид, сазовори ҷойи сеюм гардида, аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Гулаҳмадзода бо диплому медал қадрдонӣ гардид.
Инчунин, барои ишғоли ҷойи 1-ум дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини самбо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2004-2006, ки рӯзҳои 12-13-уми апрели соли 2024 баргузор шуд, дар вазни 79 кг ғолиб омада, аз тарафи сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Ш. Раҳимзода ҳавасманд гардонида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Фирдавси Баҳодур 1-уми июли соли 2005 таваллуд шуда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 123-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Ӯ аз соли 2019 ба варзиш машғул гардида, дар Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» таҳти роҳбарии Фотеҳ Маҳмадбеков машқу тамрин менамояд. Дар маҷмуъ, дар 15 мусобиқаи варзишии ҷудову самбо ғолиб омадааст, ки 7-тои он мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ мебошад.
- Аз кӯдакӣ бо амакам гӯштингири шинохта Одил Сафаров ва бародаронам Шарифу Султон Сафаровҳо машқ мекардам. Падарам ҳамеша моро дастгирӣ менамоянд. Миннатдории худро ба Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир мерасонам, ки мо варзишгаронро пайваста дастгирӣ менамояд. Ба ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода низ изҳори ташаккур мекунам, ки нисбати донишҷӯёни варзишгар ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ҳамзамон, саҳми омӯзгорони кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ Собир Шокиров ва Айниддин Ибодуллоев дар тарбияи шахсияти ҷавонони варзишгар назаррас аст, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони матлаби мо умед дорад, ки натиҷаҳои варзишиаш бештар мегардаду дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат меварзад ва шарафи варзишии мамлакат ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардорад.
Дар мамлакат ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон мусобиқаҳо доир мегардад.
Ба андешаи қаҳрамони матлаби мо, дастовардҳои мамлакати мо дар риштаи ҷудо хеле хушҳолкунанда мебошад. Тӯли 2 сол мешавад, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Prix 2023» ва «Dushanbe Grand Slam 2024» мебошад. Моҳи октябри соли ҷорӣ дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо доир мегардад. Варзишгари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков баъд аз 17 сол таърихсозӣ намуда, медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024-ро ба даст овард. Бояд гуфт, ки ин медали дуюми биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон мебошад. Аввалин медалро Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҳанӯз соли 2007 дар Бразилия ба даст оварда буд.
Боварӣ дорам, ки бо чунин дастгириҳо дастаи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Париж доир мегардад, медал ба даст меоранд, гуфт Фирдавс.
Мо аз дастовардҳои донишҷӯи варзишгари худ мефахрем ва ӯро бо комёбиҳояш таҳният намуда, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш муваффақияту музаффариятҳо орзумандем.
Наврӯз Ҷобиров