Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштироки омӯзгори ДДМИТ дар конфронси байналмилалӣ

Иштироки омӯзгори ДДМИТ дар конфронси байналмилалӣ

Аз санаи 20-ум то 25-уми майи соли равон дар Донишгоҳи Ибни Халдуни Ҷумҳурии Туркия конференсияи байналмилалии Авруосиё баргузор гардид, ки дар кори он ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДДМИТ Ақдодова Нилуфар Нағзибековна иштирок намуда, бо маъруза дар мавзуи “Таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги тиҷорати Тоҷикистон” баромад намуд. 
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Ибни Халдун дар байни донишгоҳҳои Туркия мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ин муассиса бештар ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ тахассус дорад. Донишгоҳ ба донишҷӯёни худ имконоти васеъ ва фазои озод барои омўзиш ва тадқиқот пешниҳод мекунад. Донишгоҳи Ибни Халдун аз замони таъсисёбиаш бо тадқиқоти нодири илмӣ ва усулҳои инноватсионии таълим эътироф шудааст. Ҳайати илмии он аз профессорон ва муҳаққиқони дар соҳаҳои худ эътирофшуда иборат аст.