Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Суҳбати озод бо донишҷӯён

Суҳбати озод бо донишҷӯён

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати маъмурию хоҷагидории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ атрофи масъалаҳои пешгирӣ аз рӯ овардани баъзе ҷавонон ба фарҳангу анъанаҳои бегона, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва амалҳои хусусияти экстремистиву террористидошта, болобурди маърифати гигиению тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ санаи 4-уми июни соли равон вохӯрии озод бо кормандон, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он мудири бахши Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Достон Раҳимов, имом хатиби масчиди панҷвақтаи ба номи Иззат Умари ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибулло Раҳимов, мутасаддии ташаккули тарзи ҳаёти солим, нозири минтақавии тиббии ноҳияи Сино дар ДДМИТ Нигина Камолова, ҷонишини мудири бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Сунатулло Маҳмудов ва нозири минтақавӣ, подполковники милитсия Қурбон Холов иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба тарбия Мастура Буриева ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар ҳақиқат, тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад. Донишҷӯёнро мебояд ба масъалаҳои фарҳанги либоспӯшӣ, донишандӯзӣ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва арҷгузории муқаддасоти миллӣ, эхтироми калонсолонро дар мадди аввал гузоранд. Дар баробари ин, нотиқ ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданро зарур донист. 
Гуфта шуд, ки барои ҷоннок намудани мубориза бар зидди исрофкорӣ ва тарғиби фарҳанги сарфаҷӯйӣ мебояд маърифати маънавии мардумро баланд бардошт, то ин ки сарфаҷӯйиро шиори худ қарор диҳанд ва аз паёмадҳои ногувори он эмин бимонанд. Мавҷудияти таълимоти ғайрирасмии динӣ ва рӯ овардани ҷомеа ба фарҳанги бегона омили рушди амалҳои хусусияти ифротгароӣ гардида, заминаҳои ҷиддиеро барои ташаккули терроризм ва экстремизм муҳайё менамояд. Аммо дар шароите, ки ҳифзи суботу осоиштагии кишвар барои мо ба унвони беҳтарин масъалаҳои давлатдории миллиамон маҳсуб меёбад, уҳдадории ҳар як фарди ҷомеа ва ҳама сохторҳои пешбарандаи ҷомеа дар он аст, ки бо зуҳуроти номақбул, ба монанди таълимоти ғайрирасмии динӣ ва терроризму экстремизм муборизаҳои ҷиддиву фаъол барем. Аз сӯи дигар, тарбияи ҷомеаро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ба унсури меҳварии ҳаёти худ табдил диҳем. Зеро ба ҳамин восита мо метавонем дар роҳи муқовимат бо экстремизму терроризм муваффақ бошем. 
Фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмию озмунҳои фаннӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибистеъдодҳо, навҷӯию навоварӣ, ихтироъкориву кашшофӣ, ташаккули неруи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, илмӣ, муҳайё сохтани фазои мусоиди иҷтимоӣ ва амсоли инҳо тадбирҳое мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат дар назди ҷавонон гузоштааст. Баромадкунандагон, ҳамчунин, дар масъалаи тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирии бемориҳои сил ва нашъамандӣ, болобурди маърифати гигиению тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ фикрҳои ҷолиб баён карда, ба ҳозирин маслиҳатҳои судманд доданд. 
Дар қисмати суҳбати озод сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода ва сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷовидон Халифазода ва ҳамшираи тиббии донишгоҳ Меҳрона Ҳакимова баромад намуда, фикрҳои ҷолиб баён намуданд. 
Баргузории чунин чорабиниҳои муҳим барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии донишҷӯён мусоидат намуда, масъулияти эшонро дар омӯхтану аз бар намудани донишҳои замонавӣ боло мебардорад. 


Тағоймурод Эшзода