Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ таҳрикдиҳанда ба муваффақиятҳост

ДДМИТ таҳрикдиҳанда ба муваффақиятҳост

Агар барои дигар довталабон муаррифии иқтидори илмӣ-методӣ ва шароити таълиму тадрис боис ба ҳуҷҷат супоридану интихоб намудани донишгоҳ гардад, барои қаҳрамони матлаби мо Табуров Шоҳрамазон Давудбекович, ки борҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст, намои берунии ДДМИТ писанд омадааст, то донишҷӯйи ин даргоҳ шавад. 
- Вақте аксҳои донишгоҳ, аз ҷумла паҳлуи ҳам будани биноҳои таълимӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти онро тамошо кардам, ба худ қарор додам, ки донишҷӯйи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мешавам. Хушбахтона, бо дарёфти 267 бал тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи буҷавӣ дохил гардидам. Айни замон донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ мебошам. Аз ин интихоби худ розиям, зеро муваффақиятҳоям дар ин мактаби олӣ яке пайи дигар маро дар доираи илмии донишгоҳ бештар муаррифӣ намуданд, - гуфт ӯ. 
Воқеан ҳам, дар ДДМИТ ба масъалаи баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, дарёфти ҷавонони боистеъдод ва ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. 
Мисоли равшани ин гуфтаҳо, Шоҳрамазон Табуров мебошад, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар соли 2023 таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи забони русӣ Дрозденко Л.Н. аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи сеюм шуд. 
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 17-19 майи соли 2023 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон озмуни байналмилалӣ оид ба андоз ва андозбандӣ таҳти унвони TaxIn Tashkent-2023 доир гардид. Дар он ягона намоянда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи ДДМИТ аз ҳисоби донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ, аз ҷумла Шоҳрамазон Табуров иштирок ва ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфта, дар байни 18 даста сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Инчунин, аз рӯйи баҳодиҳӣ сардори даста Шоҳрамазон Табуров беҳтарин сухангӯи озмун эътироф гардид. 
Тавре худи ӯ маълумот дод: «Дар дастаамон се нафар будем. Дар бораи андозбандии байналмилалӣ хеле маълумоти нав дарёфт кардем. Худи озмун ба таври замонавӣ, монанди мурофиаҳои судӣ сурат гирифт. Масалан, қонунвайронкунандаи соҳаи андоз мавриди муҳокимаи умум қарор мегирифт, ки хеле шавқовар ва хотирмон буд». Моҳи июли соли 2023 як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла қаҳрамони матлаби мо ҷиҳати иштирок дар чорабинии байналмилалии таълимии ҷавонон «Донишгоҳи тобистона-2023» ба Донишгоҳи федералии Сибир (ш. Красноярск, Россия) ва Донишгоҳи федералии Урал (ш. Екатеринбург, Россия) сафарбар шуданд. Тӯли ду ҳафта барои иштирокчиёни чорабинӣ мастер-классҳо, лексияҳои кушод ва семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда шуд. Донишҷӯёни мо дар охир бизнес-нақшаи хешро дар самти тиб пешниҳод намуданд. 
Нимсолаи соли 2024 низ барои Шоҳрамазон бобарор буд. Ӯ бо натиҷаҳои назарраси хониш ва интизоми намунавӣ ба сатҳи ҷумҳуриявии озмуни “Беҳтарин донишҷӯи сол-2024” роҳ ёфт ва сазовори ҷойи сеюм шуд. Ба чунин озмунҳо роҳ ёфтан ва муваффақ гардидан осон нест. Масалан, дар ин озмун намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба донишгоҳ ташриф оварда, аз ӯ ба таври шифоҳӣ санҷиш гирифтанд ва бо дастовардҳояш шинос шуданд. Саволу ҷавоб бештар соҳаи иқтисод ва сайёҳиро дар бар гирифта, донишҳои тахассусӣ низ ба назар гирифта мешуд. 
Комёбии дигар, дастаи донишҷӯёни ДДМИТ, ки Шоҳрамазон аъзои он аст, дар озмуни байналмилалии inTax-2024 (Андозбандии байналмилалӣ-2024) тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуда, миёни 156 дастаи иштирокчии озмуни мазкур, ки аз донишгоҳҳои 10 давлати ИДМ буданд, дастаи ДДМИТ дар қатори 16 дастаи беҳтарин ҷой гирифт. Ин озмун низ дар қолаби мурофиаи судӣ доир гардид. 
Ин донишҷӯйи пешқадам ният дорад, ки дар оянда низ ҳамин гуна бо ширкаташ дар озмуну олимпиадаҳо номи донишгоҳ ва Ватани азизамонро боз ҳам баланд бардорад. 
Ӯ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ хатм намудааст. Ҳангоми дар синфи 10 таҳсил карданаш дар олимпиадаи фаннӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни математика сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Ҳамин тавр, иштирок дар озмунҳо шуғли дӯстдоштааш буду ҳаст. 
Забонҳои русию англисиро хуб медонад ва мехоҳад, ки забонҳои хитойиву фаронсавиро низ аз худ намояд. 
Аз роҳбарияти донишгоҳ, факултети иқтисод ва бизнес ва кафедраи андоз ва суғурта ва устодонаш барои дастгириҳои ҳамешагӣ миннатдор аст ва кӯшиш менамояд, ки минбаъд низ ба боварии онҳо сазовор бошад. 

Наврӯз ҶОБИРОВ